Formula novemver 2024
7 маҳсулоте, ки ҳангоми шамолхӯрӣ зарар доранд
909


Маъмулан дар фасли тирамоҳ боду ҳаво тез-тез тағйир ёфта, ҳаво гоҳ сард ва гоҳе гарм мешавад.

Албатта инҷиқиҳои табиат ба саломатии инсон бе таъсир намонда, боиси тез-тез шамол хӯрдан ва ба зукому дигар бемориҳо гирифтор шудани мо мегардад. Имрӯз дар бораи маҳсулотҳое маълумот медиҳем, ки ҳангоми шамолкашӣ хӯрданашон ба саломатӣ зарар дорад.

Нӯшокиҳои спиртӣ

Нӯшокиҳои спиртӣ рагҳои хунгардро танг мекунанд ва боиси авҷ гирифтани дарди сар мешаванд, бар замми ин, шароб нӯшидан ба системаи муҳофизатии организм-иммунитет низ таъсири манфӣ мерасонад. Дар ҳолати табби баланд доштан бошад, нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ қатъиян манъ аст. Нӯшокиҳои спиртӣ боиси беобшавии организм гашта метавонанд, ки ин бисёр хатарнок аст, бинобар ин, ҳангоми зуком ва шамолшакӣ аз нӯшидани шароб ва дигар нӯшокиҳои спиртӣ худдорӣ намоед.

Фаст-фуд

Хӯрокҳои тезтайёр, яъне “Фаст-фуд”каллорияи баланд дошта, ба ҷигар ва системаи ҳозима вазнинӣ мекунанд. Дар таркиби чунин хӯрданиҳо равған ва маводҳои кимиёвӣ хеле зиёданд, бинобар ин, ба шахсоне, ки ба зуком гирифтор шудаанд,маслиҳат медиҳем, ки аз хӯрдани котлет, гамбургер, чизбург, хот-дог ва дигар хӯрокҳои тезтайр то шифо ёфтанашон худдорӣ намоянд, зеро зарари чунин хӯрданиҳо хеле зиёд буда, қариб, ки ягон фоида надоранд. Хӯрдани “Фаст-фуд” ҳатто ба одамони комилан солим низ маслиҳат дода намешавад, ба беморон бошад, чунин хӯрданиҳо қатъиян манъ мебошанд.

Чормағз

Тамоми намудҳои мағз, аз чормағзи оддӣ сар карда, то бодом серкаллория буда, дар таркибашон равғани зиёд доранд. Дар 100 гр чормағз ё мағзи бодом то 600 ккал вуҷуд дорад. Ба болои каллорияи баландаш мағз равғани зиёд дошта, ҳазм карданаш ба ҷисми инсон душворӣ мекунад. Хӯрдани мағз ҷараёни муборизаи организмро бо вирус ва бемориҳое, ки аз шамолкашӣ пайдо мешаванд, суст месозад, бинобар ин, ба шахсоне, ки зуком шудаанд, то шифо ёфтан хӯрдани ягон намуди мағзро тавсия намедиҳем.

Маҳсулоти ширӣ

Ҳангоми шамолкашӣ дар хӯрдани маҳсулоти ширӣ низ бояд эҳтиёт шуд, махсусан маҳсулотҳое, ки дар таркибашон равғани зиёд доранд. Гап дар сари он аст, ки маҳсулоти ширӣ боиси пайдо шудани луоб дар организм мегардад ва ин боиси тӯл кашидани шифоёбӣ ва халосӣ аз сулфаю атса мешавад. Мабодо дилатон сахт шир ё йогурт кашад, ҳатман ба он каме зардчӯба пошида, баъд нӯши ҷон созед. Дар ин ҳолат ғизое, ки шумо истеъмол мекунед, боиси зиёдшавии луоб намегардад ва метавонед ҷисми худро бо сафедаҳо ва калсий пур карда, зудтар шифо ёбед.

Шарбат ва обҳои газнок

Дар таркиби шарбатҳое, ки дар мағозаҳо мефурӯшанд, қанд ва ҳар хел консервантҳо хеле зиёданд. Обҳои газнок бошанд, бар замми қанди зиёд боз кофеин ҳам доранд. Ҳамаи ин моддаҳо ба иммунитети инсон таъсири манфӣ мерасонанд. Дар ёд дошта бошед, ки ба шумо аз нӯшидани обҳои газнок ва шарбатҳои магазинӣ ягон зарра фоида намерасад. Пулатонро беҳуда ба харидани чунин обҳо сарф намуда, ба ҷойи фоида ба ҷисми худ зарар нарасонед.
Дилатон шарбат мехоста бошад, аз шарбатҳои хонагӣ истифода баред ё меваҳои тару тозаро ҷабида, шарбаташонро нӯши ҷон созед. Аммо каме об ҳамроҳ намудан ба шарбати мева ва нигоҳ доштани андоза ҳатмист.

Хӯрокҳои бирёнӣ

Дар таркиби хӯрокҳои бирёнӣ равған ва кансерогенҳо хеле зиёданд, бинобар ин, дил, ҷигар ва узвҳои ҳозимаи худро маҷбур насозед, ки ба ҷойи бо беморӣ мубориза бурдан бо ин моддаҳо мубориза баранд. Хӯрокҳои бирёнӣ бо душворӣ ҳазм мешаванд, меъдаю рӯда бошанд, ба мо хеле заруранд, зеро қисми зиёди ҳуҷайраҳои иммунитет маҳз дар ҳамин узвҳо пинҳон шудаанд.

Меваю сабзавоти хом

Ҳангоми беморӣ барои ҳазм намудани меваю сабзавоти хом ҷисми инсон қувваи зиёдеро сарф мекунад. Ин нерӯ барои мубориза бо беморӣ зарур аст, бинобар ин, меваю сабзавотро дар бӯғ пухта хӯред.


Тарзи дурусти хӯрокхӯрӣ ҳангоми шамолкашӣ

Маъмулан вақти одам шамол кашида, ба зуком гиирфтор мешавад, таббаш баланд шуда, худро нороҳат эҳсос мекунад. Табби шумо агар аз 38 дараҷа баланд бошад, камтар хӯрок хӯрда, бештар об нӯшед. Ғизои маризе, ки табби баланд дорад, бояд сабук ва зудҳазмшаванда бошад. Метавонед шӯрбо, хомшӯрбо ё шӯла хӯред. Тез –тез чой, оби хӯч ва шарбат нӯшидан муфид аст. Таббатон чандон баланд набошад ҳам, дар хӯрокхӯрӣ эҳтиёт карда, меъдаю рӯдаатонро пур насозед, зеро ҳазми ғизои бисёр ё сахт ба ҷисми бемор душворӣ мекунад.

Ҳаноми беморӣ кам-кам ва тез-тез хӯрок хӯрда, бештар об нӯшидан лозим аст. Чой бо гиёҳҳои шифобахш ва асал хеле фоиданок аст, агар шумо аллергия надошта бошед. Боқӣ, ба шумо саломатӣ хоҳонем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД