Суди ноҳияи Дарвози ВМКБ Некройев Шукрулло Хуршедович, зодаи ҳамин ноҳияро барои нақзи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба андозаи 5800 сомонӣ ҷарима бастааст.
Дар ин хусус маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ иттилоъ додааст. Номбурда хилофи қисми 1, моддаи 14-и Қонуни дар боло зикршуда амал карда, ба он гунаҳкор дониста мешавад, ки санаи 22-юми марти соли равон, қабл аз тасдиқи пандемияи коронавирус дар Тоҷикистон, дар истироҳатгоҳи “Чорчаман”-и ноҳияи Дарвоз бидуни тавсиянома ва бе қайд дар мақомоти ваколатдор тӯйи домодиашро баргузор намудааст. Давлатов Амирҳамза Ибратуллоевич, овозхони ҷавон аз ноҳияи Дарвоз бошад, бидуни бастани шартномаи тарафайн дар тӯйи домодии Некройев Шукрулло хизмат карда, бар зидди қисми 1, моддаи 14-и Қонуни дар боло зикршуда амал кардааст. Гуфта мешавад, ки овозхони ҷавонро низ ба ҳамин миқдор маблағ ҷарима кардаанд. Аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Дарвоз нисбати Некройев Шукрулло ва Давлатов Амирҳамза бо қисми 1, моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва барои баррасӣ ба суд ирсол карда шудааст. Бо қарори суди ноҳияи Дарвоз аз 18-уми майи соли 2020 нисбати Некройев Шукрулло ва Давлатов Амирҳамза бо қисми 1, моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 100 нишондиҳанда ҷарима муқаррар шудааст. Амирҳамза Давлатов дар Бадахшон ҳаводорони зиёд дорад ва ӯро бештар бо таронаи машҳури “Дар васфи Дарвоз” мешиносанд.