arzon replenishment
$500 000 КӮМАКИ ОВОЗХОНИ АМРИКОӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ COVID-19
1012

 

Бейонсе Жизел, овозхон ва раққосаи 39-солаи амрикоӣ ба афроде, ки аз бемории коронавирус зарар дидаанд, 500 ҳазор доллар кӯмак хоҳад кард. Ин миқдор маблағ ба 100 нафаре, ки хонаи шахсӣ надоранд ва иҷоранишинанд, тақсим карда мешавад.

Одамон барои гирифтани кӯмакпулӣ баъди 7-уми январ муроҷиат карда метавонанд. “Ман кӯмак кардан ба мардумро идома медиҳам ва ба онҳое ёрӣ мерасонам, ки бештар ба кӯмак ниёз доранд. Фонди “BeyGOOD Impact Fund” дар марҳилаи дуюм ба онҳое, ки хонаи шахсӣ надоранд, кӯмак хоҳад кард”-навиштааст овозхон дар саҳифаи Инстаграмаш.

Тибқи таҳлилҳо дар давраи коронавирус 9,2 миллион нафар кори худро аз даст дода, маблағи иҷораашонро пардохт карда натавонистаанд. Ин аввалин кӯмаки Бейонсе ба нафарони аз COVID-19 зарардида нест.

Қаблан ӯ ба 250 соҳибкоре, ки тиҷорати хурд доранд, 10 ҳазор доллар грант пешниҳод карда буд. Ҳамчунин, моҳи майи соли 2020 дар зодгоҳаш шаҳри Ҳюстони иёлоти Техаси Амрико маркази озмоишии COVID-19-ро таъсис дода, барои пешгирии ин беморӣ 6 миллион доллари дигар хайр карда буд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД