Arzon march 2024
50-умин имоми исмоилиёни ҷаҳон Шоҳзода Раҳим Оқохони V таъин шуд
472

Шоҳзода Раҳим Ал-Ҳусайнӣ Оқохони V дар пайи ифшои васиятномаи падари марҳумаш 50-умин имоми маврусӣ (роҳбари маънавӣ)-и мусалмонони шиаи исмоилӣ таъин шуд.

Ёдовар мешавем, ки Шоҳ Карим Ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV дар Лиссабони Португалия дар синни 88-солагӣ даргузашт.

Шоҳзода Раҳим Оқохон, писарбузурги Шоҳ Карим Ал-Ҳусайнӣ, Оқохони IV ва бону Салима Оқохон 12-уми октябри соли 1971 дар Женеваи Швейтсария ба дунё омадааст. Маълумоти миёнаро дар Академияи Филлипс дар Андовери Массачусетс (1990) соҳиб шуда, Донишгоҳи Браун дар Род-Айленди ИМА-ро бо дараҷаи бакалаврӣ дар равияи адабиёти муқоисавӣ дарёфт намудааст.

Шоҳзода Раҳим Оқохон то имрӯз дар мудирияти AKDN (Шабакаи Рушди Оқохон) иштироки фаъол дошт ва масъулияти роҳбарии Кумитаи муҳити зист ва иқлими AKDN ва ҳамраисии кумитаҳои баррасии буҷети AKDN ба зиммаи ӯ буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД