Formula novemver 2024
5 рӯзи эмкунии хонандагони мактаб
681

Ҷиҳати паст шудани сатҳи паҳншавӣ ва сироятёбии бемориҳои гелминтӣ ё сироятёбӣ аз кирм  1 миллиону 203 ҳазору 226 кӯдаку навраси аз 7 то 11-солаи Тоҷикистон ба маъракаи бекирмгардонӣ фаро гирифта мешавад. Дар ин хусус Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.

Маъракаи мазкур аз 1 то 5 май идома ёфта, зимни он ба кӯдакон  доруи «Мебендазол» дода мешавад.

Доруи «Мебендазол» истеҳсоли ширкати дорусозии Janssen-Cilag (Белгия) буда, аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ройгон ба муассисаҳои зерсохтор дода мешавад.

Тақсими маводи дорувории «Мебендазол» ба муассисаҳои профилактикии зерсохтори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва арзёбии натиҷаи чорабинии мазкур ба зиммаи Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ»-и вазорати мазкур гузошта шудааст.

Гуфта шуд, ки ҳар 2 сол як маротиба дар байни гурӯҳҳои мақсаднок (кӯдакони 7-10-сола) аз тарафи мутахассисони марказ дар 10 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ интихобан тадқиқоти гелминтологӣ гузаронида мешавад.

Тибқи тадқиқот ва маълумоти оморӣ, паҳншавии бемориҳои гелминтозӣ аз шумораи умумии сироятёфтагон дар байни кӯдакону наврасони то 18-сола дар ҷумҳурӣ ҳамасола то 70 фоизро ташкил медиҳад. Бемориҳои гелминтозӣ бештар энтеробиоз (40-45%) ва аскаридоз (35-40%)-ро ташкил медиҳанд ва пешгирию табобат бо маводи дорувории «Мебендазол» дар ин маврид натиҷаи хуб медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД