Барои он ки шумо - хонандагони азиз Cоли навро бо беморӣ пешвоз нагиред, 5 маслиҳати муфиди табибонро дар боби роҳҳои эмин мондан аз касалшавӣ дар рӯзҳои ид манзуратон месозем.
Тозагӣ - гарави саломатӣ
Дар фасли зимистон хавфи гирифтор шудан ба ҳар гуна касалиҳои сироятӣ нисбат ба дигар фаслҳои сол хеле зиёд аст, бинобар ин, дар ин давра ҳатман ба тозагӣ риоя кардан лозим аст. Кас хоҳ-нохоҳ дар дохили нақлиёт ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба ин ё он чиз даст мерасонад ва миёдори зиёди микроб ва вирусҳо ба дастонаш мечаспанд, аз ҳамин хотир, ҳаргиз бо дастони ношуста чашмони худро намолед, бинӣ ва гӯш нахоред, дастатонро ба даҳонатон набаред. Дар як рӯз чанд бор дастони худро бо собун бишӯед ва ҳавои манзилатонро тез-тез тоза карда истед.
Фаст-фуд нахӯред!
Шарти дуюми эмин мондан аз беморӣ ин истеъмоли ғизои солим мебошад. Аз хӯрдани фас-суд худдорӣ намуда, бештар меваю сабзавот хӯред ва оби минералӣ нӯшед. Чойи начандон сиёҳ, морс ва шарбати мева низ фоида дорад.
Бо варзиш машғул шавед
Варзиш барои саломатӣ хеле муҳим аст. Вақти ба толори варзишӣ рафтан надошта бошед, ҳар рӯз ақаллан ним соат пиёда роҳ гардед. Сайругашт дар ҳавои тоза ба кори дил ва рагҳои хунгарди он таъсири мусбат расонида, табъи касро болида месозад ва эҳсоси хушбахтиро ба вуҷуд меорад. Ҳар қадаре, ки инсон бештар хушҳолӣ кунад, ҳамон андоза саломатиаш беҳтар мешавад.
Иммунитети худро пурқувват созед
Иммунитети инсон пурқувват бошад, ягон беморӣ ӯро аз пой афтонида наметавонад. Хоҳед, ки иммунитет-системаи муҳофизатии организматон пурқувват гардад, бо маслиҳати табиби оилавии худ дар ин давра комплекси витаминҳоро истеъмол намоед.
Оромии худро ҳифз намоед
Барои камбудиҳои майда-чӯйда асабонӣ нашавед. Дар ёд дошта бошед, ки асабоният боиси афзоиши ҳормонҳои стрессзо мегарданд. Ҳар қадар, ки чунни ҳормонҳо дар ҷисми шумо зиёдтар шаванд, ҳамон андоза иммунитетатон суст гашта, бо бемориҳо мубориза бурда наметавонад.