5 нишонаи бемории сил дар кӯдакон
17.09.2025
Oila.tj
317

Бемории сил яке аз бемориҳои сироятии паҳнгашта дар саросари ҷаҳон буда, табибон ба муқобили ин беморӣ муборизаи беамон мебаранд. Кӯдакон ба гурӯҳи осебпазир шомиланд, зеро бо сабаби суст будани системаи муҳофизатии баданашон онҳо ба осонӣ ба ин бемории сироятӣ гирифтор шуда метавонанд. Бо мақсади пешгирии касалии сил дар байни атфол, имрӯз ба шумо дар бораи 5 нишонаи ин беморӣ маълумот медиҳем.

Нишонаҳои асосии бемории сил дар кӯдакон инҳоянд:

1. Сулфаи дурудароз, яъне зиёда аз 3 ҳафта;

2. Баланд шудани ҳарорати баланд баъд аз нимаи дуюми рӯз;

3. Дар балғам пайдо шудани хун;

4. Беқувватӣ, беҳолию бемадорӣ;

5. Шабона бисёр арақ кардан.

Бо мушоҳида кардани нишонаҳои зикршуда дар кӯдакон, фавран ба духтури кӯдакона, табиби оилавӣ ё ба табибони силшинос муроҷиат намудан лозим аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД