Аксари одамон аз фасли зимистон шикоят карда, мегӯянд, барфу борон ва ҳавои сард касро тез-тез бемор месозад. Дар ҳақиқат дар ҳавои хунук зӯком ва дигар бемориҳои мавсимӣ авҷ мегиранд, вале ҳавои сард ба саломатии инсон манфиат ҳам дорад.
Имрӯз мо дар бораи 5 фоидаи ҳавои сард ба шумо маълумот медиҳем.
Хунукӣ иммунитети инсонро пурқувват месозад
Вақте ки ҳаво хунук мешавад, системаи муҳофизатии ҷисми инсон, яъне иммунитет ба таври автоматӣ ба мубориза бармехезад.
Ҳуҷайраҳое, ки барои муҳофизати ҷисми инсон масъул мебошанд, фаъол гашта, ба муқобили вирус ва инфексияҳо мубориза мебаранд. Дар натиҷа коркарди интерферон дар организм зиёд шуда, системаи муҳофизатии ҷисм-иммунитет пурқувват мешавад.
Роҳҳои нафас тоза мешаванд
Дар фасли зимистон шифо ёфтан аз бемориҳои сироятӣ осонтар аст. Гап дар сари он аст, ки ҳавои сард ба кори шуши инсон таъсири мусбат расонида, нафаскаширо осон мекунад ва барои тоза шудани шуш ва роҳҳои нафас аз балғам ёрӣ мерасонад.
Аз ҳамин сабаб табибон ба маризоне, ки ба пневмония, тюберкулёз, астма ва дигар бемориҳои роҳҳои нафас гирифторанд, бештар дар ҳавои тоза сайругашт карданро тавсия медиҳанд. Албатта ба шарте, ки бемор табби баланд надошта бошад.
Ҳавои сард занро ҷавон мекунад
Ҳавои сард ба пӯсти инсон низ таъсири мусбӣ расонида, барои ҷавону зебо мондан ёрӣ мерасонад. Таъсири ҷавонкунандаи ҳавои сард дар косметология ба таври фаровон истифода мешавад.
Исбот шудааст, ки бо шарофати хунукӣ хун дар рагчаҳои пӯст беҳтар гардиш мекунад ва мубодилаи моддаҳо ба низом даромада, таъсири баъзе амалиётҳои косметологӣ аз қабили поксозии пӯст, пилинг ва эпиляция бештар мешавад.
Асаб ором ва табъи кас болида мегардад
Хунуки дардро ба зудӣ рафъ намуда, варам ва илтиҳобро кам мекунад ва системаи асаби инсонро ором месозад. Олимон исбот намудаанд, ки ҳавои сард ба системаи вигетативии асаб таъсири мусбат мерасонад ва ҳамзамон коркарди ҳомронҳои шодӣ-эндофринҳоро дар организм метезонад.
Аз ҳамин сабаб дар ҳавои кушод сайру гашт намуда, табъи кас худ аз худ болида мегардад. Дар фасли зимистон ҳар рӯз ақаллан як соат дар кӯча дар ҳавои тоза сайругашт кунед, асабҳоятон ором шуда ба стресс ва ҳаяҷон тобовар мегарданд.
Мубодилаи моддаҳо беҳтар мешавад
Дар ҳавои сард ҷараёни мубодилаи моддаҳо ба низом даромада, дар натиҷа равғанҳои зиёдатии бадан ба зудӣ об мешаванд, агар кас тез-тез қадам занад ё давад. Исбот шудааст, ки холестерин нисбат ба гармо дар ҳавои сард тезтар аз ҷисми инсон хориҷ мешавад. Ин барои кори дил ва рагҳои хунгарди он хеле муфид аст.