formula feb 2025
3 роҳи пешгирии зуком дар фасли баҳор
14.03.2025
Oila.tj
424

Салом! Ман ҷавондухтари 21-сола ҳастам ва мехоҳам дар як масъала аз шумо маслиҳат бипурсам. Аслан, ман аз саломатиам шикоят надоштам, имсол фасли зимистонро бе зуком паси сар кардам, вале аз оғози баҳор грипп домангирам гаштааст. Илтимос, дар бораи роҳҳои пешгирии зуком ва шамолкашӣ каме маълумот диҳед.

САИДАБОНУ, ш. Душанбе

Посух:

- Аксари одамон, махсусан ҷавонон бо сабаби бепарвоӣ нисбат ба саломатии худ дар фасли баҳор тез-тез ба зуком гирифтор мешаванд. Мо ба шумо тавсия медиҳем, ки барои пешгирии шамолкашӣ ва зуком бо маслиҳатҳои зерин амал намоед:

1. Ба хандаи офтобаки баҳорӣ фирефта нашуда, либоси гарм пӯшед.

2. Барои пурқувват шудани иммунитет бештар ғизои сервитамин истеъмол намуда, аз стресс ва ҳаяҷон дурӣ ҷӯед ва кӯшиш кунед, ки аз хоб сер шавед. Аз одамоне, ки ба зуком гирифторанд, ё сулфаю атса мезананд, худро канор бигиред.

3. Агар шумо аллакай шумол кашида бошед, бо пайдо шудани нишонаҳои аввалини беморӣ дарҳол нӯшоба ва оби гармро зуд-зуд нӯшед, аз меваҳои мавсимӣ истеъмол карда, бо мураббои қулфинай ва дигар буттамеваҳо чой дам карда, нӯшед. Агар нишонаҳои беморӣ

вазнин шуда, балғам ранги тира гирад, ба духтур муроҷиат кунед ва табобати фармудаи табибонро сари вақт қабул кунед. Табатон баланд шуда, мадори ба духтур рафтан надошта бошед, ҳатман “Ёрии таъҷилӣ”-ро ба хона даъват намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД