arzon replenishment
3 миллион сомонӣ зарари шахсони масъули идораҳои барқ
434

 

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз боздошти мудири анбори филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Истаравшан Ҳомидов Б. Б. хабар дод, ки молу маҳсулот ва таҷҳизотҳои барқии арзишнокро ба маблағи умумии 1 265 163 сомонӣ расман қабул намуда, бо роҳи сохтакорӣ онҳоро аз они худ кардааст.

Оиди ҳолати мазкур нисбати номбурда бо моддаи 245 қисми 4 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Қабл аз ин, ин ниҳод хабар дода буд, ки Эргашев Б. С. сардори гурӯҳи хизматрасонии қитъаи Панҷакенти “Шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакент” бо маслиҳати пешакӣ бо роҳбараш Бобоев Б. Қ. Низ таҷҳизоти барқӣ ва молу маҳсулотро ба маблағи 2 136 613, 31 сомонӣ ба фоидаи худ истифода бурдаанд.

Оид ба ҳолатҳои мазкур нисбати Бобоев Б. Қ., Эргашев Б. С. ва дигар шахсони масъули “Шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакент” бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б” ва 323 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, маблағи зарари ошкоргардида бо пуррагӣ барқарор карда шуда, тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятии мазкур идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД