Soranus
3-маслиҳати Садриддиншоҳ ба шахсоне, ки ҷоғар доранд
1165

Салом! Духтарчаи 13-солаам ба бемории ҷоғар гирифтор шудааст. Табиби эндокренолог дорую дармон фармуда, таъкид кард, ки ба ғизои фарзандам диққати ҷиддӣ диҳам ва нагузорам, ки барои ҳар майда-чӯйда асабонӣ шавад.

Тариқи сомонаи Оила. ТЧ баъзан яке аз табибони машҳури халқиамон Садриддиншоҳ Насриддиншоев ба беморон маслиҳатҳои муфид медоданд. Ман ҳам мехоҳам бо кӯмаки шумо аз ин табиби номдор дар табобати духтарам маслиҳат пурсам. Барои зудтар шифо ёфтанаш ба фарзандам ман бояд чиҳо диҳам?
Замира, сокини шаҳри Душанбе

Барои посух гирифтан ба саволи хонандаамон мо ба ин табиби номдор муроҷиат намудем. Садриддиншоҳ Ҷалолӣ ба Замирабону ва дигар шахсоне, ки ба бемории ҷоғар гирифтор ҳастанд, 3 маслиҳати муфид доданд.

Маслиҳати 1

Афлесун ба ҷоғар фоида дорад
Табиби машҳур мегӯяд, гипертериози ғадуди сипаршакл, ки дар байни мардум бештар бо номи ҷоғар машҳур аст, боиси аз миқдори лозимӣ бештар ҳосил шудани ҳормони тироиди гашта, бар асари он кори системаи асаби марказӣ, системи уруқӣ-қаблӣ, мушшакӣ ва дигар узвҳо вайрон мешавад.

Барои табобати ин навъи ҷоғар бештар хӯрдани лимӯ, афселун ва овёс тавсия дода мешавад. Меваҳои ситрусӣ, махсусан афлесун ба ҷоғар фоидаи зиёде дорад. Шахсоне, ки ҷоғар доранд, бояд як дона лиму ва як дона афлесунро бо пўсташон аз мошини гӯштқимакунак гузаронида, ба он як қошуқ асал илова намоянд ва онро як шабонарўз дар ҷойи торик нигоҳ доранд, то даво тайёр шавад. Рӯзе се маротиба, пеш аз хӯрок, аз ин даво як қошуқи чойхӯриашро бо оби гарм аралаш карда, нӯши ҷон созанд, ба зудӣ беҳбудии комилро эҳсос менамоянд.

Маслиҳати 2

Мӯъҷизаи дарахти гелос
Чӯбчаҳои дарахти гелос ҳам сатҳи ҳормони тироидро дар хун хеле паст карда, ба табобати ин навъи ҷоғар мусоидат мекунанд. Метавонед чӯбчаҳои гелосро ҷӯшонида, обашро ба духтарчаатон диҳед.

Маслиҳати 3

Хурмо хӯред ва солим бошед!
Дар табобати ҷоғар хурмо низ нақши муассир дорад. Шахсоне, ки ба ин беморӣ гирифторанд, бояд дар як рӯз ақаллан 1ё 2 дона хурмо хуранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД