Arzon march 2024
10 фоидаи асал ба саломатии инсон
11.04.2025
Oila.tj
213

1. Истеъмоли як қошуқча асал пеш аз хоб ба суръат гирифтани ҷараёни мубодилаи моддаҳо дар организми инсон ва об шудани равғани бадан мусоидат менамояд. Ба одамони фарбеҳ тавсия дода мешавад, ки пеш аз хоб асал хӯранд.

2. Шабона асал хӯрдан ба барқароршавии ҳуҷайраҳои ҷигар таъсир расонда, системаи муҳофизатии организми инсон-иммунитетро мустаҳкам месозад.

3. Барои пешгирии бемориҳои вирусӣ ва бактериявӣ истеъмоли асал бо сирпиёз фоидаи калон дорад.

4. Асал баданро аз моддаҳои зарарнок пок карда, гиреҳ ва рагҳоро мекушояд.

5. Истеъмоли асал балғами часпак ва рутубатҳоро нест мекунад.

6. Асал кори майнаи сарро ба низом дароварда, зеҳнро тез ва қобилиятҳои кории шахсро баланд мебардорад.

7. Асал хотираро мустаҳкам месозад.

8. Асал санги гурдаро майда карда мерезонад.

9. Истеъмоли ин давои ширин дарди меъдаю рӯдаро таскин мебахшад.

10.   Асал ба камхунӣ фоида дорад.

Асали тозаро чи шинохтан фаҳмидан мумкин аст?

Тавре ки асалпарварон мегӯянд, асали тозаро бо чунин тарз метавон муайян намуд: асалро ба рӯи пораи қоғаз молида, бо оташ сӯзонед. Асали тоза дар оташ намесӯзад, балки танҳо гудохта мегардад. Агар асал нимсӯхта гардад, донед, ки онро аз шакар тайёр намудаанд, на аз гарди гул. Агар моеъ гардад, маълум мешавда, ки ба он об ҳамроҳ намудаанд.

Асали беҳорӣ беҳтар аст ё асали тирамоҳӣ?

Барои лаззат ва ғизо асали баҳорӣ беҳтар аз асали тирамоҳӣ мебошад. Агар таъми асали тирамоҳӣ тунд ё тез гашта бошад ё рангаш ба сиёҳӣ печида бошад, донед, ки он ба саломатӣ зарарнок аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД