Золушка яке аз блогерони маъруф дар шабакаи иҷтимоии “Инстаграм” аст, ки ҳамагӣ ӯро бо тахаллуси "Ана духтари оча" мешиносанд. Ин духтар бо либосҳои миллӣ шеър қироат мекард ё он либосҳоро намоиш медод.
Дишаб Золушка касби нави хешро ба ҳаводоронаш нишон дод. Ин ҳам бошад, сарояндагӣ аст. Золушка дар шабакаи иҷтимоии “Инстаграм” дар саҳифаи худ наворе нашр кард, ки суруд хонда истодааст. Ин суруд "Bacha Jane Logari" мебошад, ки Золушка бозхонӣ кардааст. Ин сурудро дар шабакаи “Ютуб” давоми 15 соат зиёда аз 22 ҳазор нафар тамошо кардаанд.
Мо ба Золушка дар роҳи интихобнамудааш муваффақият таманно мекунем!