Оператори милии алоқаи мобилӣ ZET-MOBILE марҳилаи дуюми навсозии техникии шабакаро дар шаҳри Душанбе бомуваффақият ба анҷом расонид. Дар давоми ду марҳила ширкат 60% - и шумораи умумии истгоҳҳои базавиашро дар пойтахти кишварамон навсозӣ намуда, бо техникаи замонавӣ муҷаҳҳаз гардонд.
Дар асри навин, ки технологияҳои воситаҳои алоқа пайваста рушд мекунанд, шабакаҳои 4G ва 4G+ ҳамчун марҳилаи гузариш қабл аз ба пуррагӣ гузаштан ба 5G аҳамияти бузург доранд. Навсозии шабакаи 4G+ дар беҳтар кардани сифати алоқаи мобилӣ нақши калидиро мебозад.
Ширкати ZET-MOBILE стратегияи махсуси беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ва қонеъ гардонидани талаботи мизоҷонро ҷорӣ карда, мунтазам дар пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе навсозии шабакаро анҷом медиҳад.
Дар марҳилаи дуюми навсозӣ фарогирӣ ва қобилияти интиқоли шабакаи 4G+ 42% васеъ карда шуда, суръати интернет дар минтақаҳое, ки навсозии шабака гузаронида шудааст, баланд карда шуд.
Иваз намудани таҷҳизоти кӯҳна ба таҷҳизоти нави замонавӣ ва истифодаи технологияҳои пешрафтаи коммуникатсионӣ ба ширкати ZET-MOBILE имкон дод, ки барои муштариёнаш алоқаи бомаром ва имконияти хуби зуд пайваст шуданро фароҳам оварад.
Дар нимсолаи аввали соли 2023 ширкат марҳилаи аввали навсозии техникиро дар пойтахт ба анҷом расонда, шумораи умумии истгоҳҳои базавиашро 40% зиёд кард.
Марҳилаи аввали навсозии шабака насби истгоҳҳои нави пойгоҳӣ ва навсозии таҷҳизоти қаблан насбшударо дар бар гирифта буд. Дар марҳилаи дуюми навсозӣ ширкат минтақаи фарогириро бо ёрии истгоҳҳои нави пойгоҳ васеъ гардонд.
Имрӯз дар ҳамаи чор ноҳияи шаҳри Душанбе истгоҳҳои нави пойгоҳӣ пайдо шудаанд.
Тавсеаи шабакаи 4G+ барои муштариён имкониятҳои навро боз менамояд. Акнун саҳифаҳои интернетӣ хеле зуд кушода мешаванд, муштариён метавонанд бемалол наворҳои видеоиро тамошо кунанд ва барномаҳои онлайнӣ барои теъдоди зиёди истифодабарандагон дар як вақт дастрас мебошанд.
Ширкати ZET-MOBILE навсозии шабака ва инфрасохтори 4G+ -ро бо мақсади беҳтар кардани таҷрибаи корбарон ва омода намудани шабака ба асри бошукуҳи технологияҳои 5G идома медиҳад.
Бояд тазаккур дод, ки навсозии шабака ҳанӯз ба анҷом нарасидааст. Муттахассисони ширкат барои боз ҳам васеътар кардани минтақаи фарогирӣ ва баланд бардоштани қобилияти интиқол на танҳо дар шаҳри Душанбе, балки дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон низ кор мекунанд.