Sebiston new 2024 october
Занҳои тоҷик ба ҷойи нон пул мехӯранд?
3860

Ман як марди муҳоҷир мехоҳам андешаҳоямро ба мардуми точик, аниқтараш ба занҳои мисли ҳамсари худам “катазан” бирасонам!
Чандест, ки дар Русия дар сохтмон кор мекунам. Дар ин ҳавои сард мо ҷонамонро дар хатар гузошта, хишту семент мекашонем, бо дастони аз хунукӣ шахшуда деворҳои биноҳои баландошёнаро андова мекунем, ранг мемолем… Албатта дар 40 дараҷа хунукӣ дар зери ҳавои кушод кор кардан ба саломатии одам таъсир мерасонад, вале ба бемориамон нигоҳ накарда мо аз субҳ то шом ҷон мекоҳонем, ки ба зану фарзандонамон маблағ фиристем, то онҳо ба ҳар касу нокас муҳтоҷ шуда азоб накашанд. Намедонам зиндагӣ дар Тоҷикистон дар ҳақиқат ба ғор табдил ёфтааст ё занҳои мо сарфаю сариштакориро кайҳо аз ёд бурдаанд, ки чӣ қадар пуле нафиристӣ, боз намерасад. Яке аз ҳамон занҳои ба қавле «каттазан» ҳамсари ман аст. Рӯзе нест, ки занг зада «мардак, пул фирист ин мехарам, пул фирист он мехарам, пул фирист, ки дугонаам маърака дорад, пул фирист, ки хоҳарам тӯй дорад, пул фирист, ки модарам бемор аст» нагӯяд. Бовар кунед, аксар вақт аз ҳамкоронам қарз гирифта пул мефиристам ва таъкид мекунам, ки дар ин ҷо дарахти пул намерӯяд, камтар сарфаю саришта кунад, вале кай парво дорад. Чашми ин занро ман ҳеҷ сер карда натавонистам, ки натавонистам. «Пул фирист» гуфтагиаш гуфтагӣ, ба фикрам вақти аз модар таваллуд шуданаш ба ҷойи инга «пул» гуфта, гиря кардагӣ. Гумон мекунад, ки дар Русия борони пул мебораду касе чи қадаре, ки хоҳад, ҷамъ карда ба хонааш фиристодан мегирад. Фикр намекунад, ки ман ҳам одам ҳастам, касалу бемор шуданам мумкин, охир робот нестам, ки 24 соат нахӯрдаю нахобидаю напӯшида кор кардан гирам. Мехоҳам аз минбари сомонаи Оила. ТЧ ба ҳамсарам ва тамоми бонувони тоҷик бигӯям:
-Занҳои муҳтарам! Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш мекунам, як бор худатонро ба ҷои мардони муҳоҷиратон тасаввур кунед, ки чӣ хел дар як мамлакати дур, таънаю маломат шунидаю дар таҳхонаҳои ифлосу бадбӯй кор карда, чор танга пул меёбед, шояд он гоҳ ба қадри меҳнати шавҳаронатон расида, дигар ҳар рӯз «пул фирист» гӯён, ҷони мардони бечораро ба лабашон намерасонед. Шумо кай мефаҳмед, охир дар Русия борони пул намеборад. Борони пул намеборад!!!
Завқибек аз Федератсияи Русия

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД