Arzon Banner
ЗАНКАЛОНӢ БА ҶОНАМ ЗАД, МАРДУМ!
2508

Манижа ном духтаракеро дӯст дошта ба занӣ гирифтам. Манижа то тӯямон ҳам духтари бадрашк буду тез-тез занг зада, дар куҷо ва бо кӣ буданамро мепурсид, вале гумон доштам, ки баъди тӯй ақлаш ба сараш мезанад. Бадрашкиаш қариб моро аз ҳамдигар ҷудо мекард.

Барои ҳар як занги телефон ҷанҷол бардоштанаш ба дилам зада, чандин бор хостам фотиҳаро гардонам, вале ин мордухтар боз пеши поям афтида, зорию тавалло менамуд, ки ин корро накунем, зеро аз фотиҳа гардад, дар назди хешу табор ва ҳаққу ҳамсояҳо шарманда мешавад. Ба қавлу қасамаш бовар карда аз гуноҳаш мегузаштам. Кӯзапуштро танҳо хоки гӯр рост мекунад гуфтагӣ барин, ду-се рӯз пас Манижа боз ҳамон бадрашки пештара мешуд ва барои дупула гап дар сарам чормағз мешикаст. Падару модарам дар фотиҳа бисёр истодан хосияти бад дорад гуфта тӯйро тезонданд, бехабар аз он, ки ба хонаашон келин не, балои осмонӣ ва ҷанҷолхолаи барои аҳли оила дарди сари зиёдатиро меоранд. Манижаи маккора рӯзи тӯй аз хурсандӣ дар куртааш намеғунҷид, шодии арӯсамро дида ман ҳам шодӣ мекардам ва хаёлан Манижаро ба худам меҳрубону ғамхор тасаввур карда, қасри равшан аз нури бахт месохтам.

Хушбахт будам бо ёри хушкардаам, вале моҳе аз арӯсиамон нагузашта боз хислату хӯйи бади Манижа боло гирифт. Телефонамро ҳар шаб мекофт ва худо накарда ягон рақами ношиносро бубинад, хонаро ба сараш мебардошт. Мабодо ягон духтари ҳамкор ё шиносам занг занад, арӯси бадрашкам қиёматро қоим намуда, маро дар назди аҳли оила сархаму шарманда мекард. Намехостам ба сараш даст бардорам, вале рафтори баду забони заҳролудаш маро маҷбур месохт, ки арӯсамро зери мушту лагад гирифта, адабашро диҳам. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, ҳамсарам бар замми бадрашкию ҷангу ҷанҷолаш акнун нисбати ман бисёр нописанд шудааст.

Дар назди падару модар ва хешу таборам ба ман гапгардонӣ мекунад. Ягон кораки оддӣ, масалан як коса оби хунук овардан фармоям ҳам, қошу қавоқашро овезон карда, дод мезанад: «Дастат нашикастааст, ки ман ба ту об биёрам, худат хеста обатро хӯрдан гир!» Бародарону хоҳарон ва ҷӯраҳоям чандин бор шоҳиди чунин нофармониҳои занам гаштанд ва ба ҳолам хандида мегӯянд: «Муборак шавад, Парвизбой, аллакай ЗК шудаӣ-ку!»

Ин нешхандҳо мисли сӯҳон аз ҷавшани ҷонам мегузаранд, вале аксаран дар танҳоӣ андеша мекунам, ки Манижа маро дар ҳақиқат ЗК кардааст. Занам чунон алови чашмамро гирифтааст, ки дигар бегоҳирӯзиҳо аз хона намебароям, то Манижаи шаттоҳ барои ҷанҷол баҳона наёбад. Одамгурезу маъюс гаштам аз рӯзе, ки хонадор шудам. Аз тарси занам ба тӯйи ҷӯраҳоям намеравам, то Манижа ба тӯйхона рафта, чаро бо ин ё он духтар рақс кардӣ гӯён, ҷанҷолу моҷаро бардошта шармандаам насозад. Занам на ба хубӣ одам мешаваду на бо мушту лагад ақлаш ба сараш мезанад. Чандин бор зорӣ кардам, ки ақалан дар назди падару модар ва бародару ҷӯраҳоям маро ҳурмат кунад, то ки ба ҳолам наханданд, аммо занам қасдан баръакс дар назди пайвандонам шаттоҳтар мешавад. Ҷонам ба лабам расидааст аз дасти ин зани бадрашку бадзабону беандеша! Пушаймонам. Сахт пушаймонам аз зангириам. Кошкӣ боз 4-5 солаки дигар одам барин озоду осуда зиндагӣ мекардам. Хандахариши мардум шудам аз рӯзе, ки ин аҳмақро ба занӣ гирифтам. Занкалонӣ ба дилам задааст. Намехоҳам, ки ЗК гуфта масхараам кунанд. Мардум, маслиҳатам диҳед, лаҷоми занамро чӣ хел кашам?

Парвиз, аз ш. Турсунзода

Поделиться новостью
Шарҳ
(9)
Давлатмурод Саидов 2021-07-20, 13:43
Чавобашро те , одам намешава. Факат худро маъюс ва бемор мекуни , баъд дар занат даркор хам намешави .
Посух
Муслим 2021-07-20, 16:18
Бародар ба ту як чиз мегум ин киссаат ба хаёти ман монанд будааст инхора як рохаш аст. Чавоби ин шаттохро дех тамом
Посух
Ман сокини шахри Душанбе Рузиева Зулфия 2021-07-20, 19:42
Ман ба шумо маслихат медихам ки хар чи зудтар чавоби ин занро дихед.умри чавонатонро бо ин зани шатох бехуда сарф накунед.Бисер хастанд духтарони худотарсу боодоб ки хурмати шумо ва хешони шуморо кунад ба шумо хушбахти хохонам.
Посух
Макс 2021-07-21, 00:27
Аз бахри ин хел зан баро. Ё ки гаштан гир занкалон шуда.
Посух
Нисо 2021-07-21, 03:05
Ин гуна занхо модарзод хастанд. Шир кати омадаги, чон кати мебарояд. Занони гапгурзон дигар намешаванд. Лекин он дунеба чазошона мебинанд
Посух
Туйчи 2021-07-21, 07:47
Рузе гапмегардона мурданивор шав бго . Соз мешава
Посух
Мухаббат 2021-07-21, 22:17
Эй бародари чон хаети худро насухта вай сагдухтара Сар дех. Дар бораи фарзандоршави ягон сухан гуфта нашудаст.Агар фарзандор хам боши кудконба ердам Куну ин балоро аз Сар дур Кун. То хаети чавониат барбод надех
Посух
Jurabek 2021-07-21, 22:53
Гаштангиред хаминхел холат аз ин бадтар мешавад додари акеш
Посух
Шухрат рузиевт 2021-07-21, 23:20
Чавобашро дех. И хел зан соз намешавад. Хаети худро насузон. Нотарсида чавобашро дех!!! Бародар...
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД