Пахши суруд ва клипҳои Ҳунарманди халқии Ӯзбекистон Юлдуз Усмоноваро дар шабакаҳои телевизионии Ӯзбекистон ба таври ғайрирасмӣ манъ кардаанд. Дар ин бора хабаргузории “QALAMPIR.UZ” хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки чунин тасмим дар пайи муноқишаи овозхон бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ гирифта шудааст. Ҳоло манъи пахши суруду клипҳои овозхон ба таври расмӣ тасдиқ нашудааст, зеро чандин шабакаҳои телевизионӣ дар суҳбат бо хабарнигорон гуфтаанд, ки ин мамнӯият ғайрирасмӣ аст. Одилҷон Абдуқаҳҳоров, директори муассисаи давлатии “Ӯзбекконсерт” гуфтааст, ки намоиши суруду клипҳои овозхон аз ҷониби ин ниҳод манъ нашудааст. Аввали моҳи май овозхон хост, ба ҳамватанонаш, ки аз рахна шудани садди обанбори Сардоба дар вилояти Сирдарё зарар дида буданд, кӯмаки иҷтимоӣ ирсол намояд, аммо кормандони милитсия пеши роҳи овозхонро гирифта, барои ирсоли кӯмакҳо маҳдудият ҷорӣ карданд. Усмонова кормандони ҳифзи ҳуқуқро сахт танқид кард, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ шӯре барангехт. Баъди ин ҳодиса Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон ба ин амали овозхон вокуниши шадид нишон доданд. Овозхон аз кормандони милитсия ва падару модари онҳо расман узр пурсид ва бо ҳамин қазия ба анҷом расид. Аз Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон гуфтаанд, ки ҳолати рӯҳии овозхон чандон хуб ба назар намерасад. Ҳамзамон, нисбати овозхон парвандаи маъмурӣ низ тартиб дода шудааст. Ҳунарнамоии Юлдуз Усмоноваро дар Ӯзбекистон қаблан ҳам чанд маротибаи дигар манъ карда буданд. Бори охир баромади ӯро соли 2005 манъ карданд ва бо ҳамин баъди 11 сол, соли 2016 ба ӯ иҷозаи ҳунарнамоиро доданд. Давоми ин солҳо ӯ дар Туркия зиндагӣ ва фаъолият мекард.