Arzon march 2024
Варзишгарони тоҷик аз Тошкент бо 2 медал баргаштанд
440


Варзишгарони тоҷик аз шаҳри Тошкенти ҷумҳурии Узбекистон бо ҷоиза баргаштанд.

Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо Tashkent Grand Slam-2023, ки бо иштироки паҳлавонон аз 49 кишвари дунё аз 3 то 5 март дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гашт, варзишгари тоҷик Сомон Маҳмадбеков соҳиби медали биринҷӣ гашт. Дар ин мусобиқа дар вазни 73-81 килограм Тоҷикистонро 4 варзишгар-Маҳмадшариф Наҷмиддинов (дар вазни 73 кг), Беҳрӯз Хоҷазода (73 кг), Муҳаммадҷон Абдҷалилзода (81кг) ва Сомон Маҳмадбеков (81 кг) муаррифӣ намуда бошанд ҳам, аз ин чоргона танҳо ба Сомон Маҳмадбеков муяссар гашт, ки дар чорякфинал паҳлавони узбекистониро мағлуб намуда, ба нимфинал барояд.

Ҳарчанд дар бозии нимфиналӣ Маҳмадбеков бозиро ба варзишгари Астрия бохта бошад ҳам, дар муборизаи тан ба тан барои ҷойи сеюм боз як варзишари дигарро мағлуб карда, соҳиби медали биринҷӣ гашт.

Дар чемпионат дар вазни 66 килограм варзишгари тоҷик Нуралӣ Эмомалӣ ғолиб омада, соҳиби медали тилло гаштааст.
Ғолибони мусобиқа ба ғайр аз медалҳои ба даст овардаашон ҳамчунин бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд. Варзишгароне, ки медали тиллои мусобиқаро ба даст оварданд, 5 ҳазор евро, соҳибони медали нуқра 3 ҳазор ва медали биринҷӣ 1, 5 ҳазор евро мукофотпулӣ гирифтанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД