new banner new years
Усулҳои ташхису табобати варикоз ва тромбофлебити пой
456

Салом! Чанд вақт шуд, ки аз дарди пой азият мекашам. Дар пойҳоям рахҳои кабуд пайдо шудаанд. Дугонаам мегӯяд, ки ба варикоз гирифтор шудаам. Илтимос, дар бораи ин беморӣ каме маълумот диҳед. Барои ташхиси варикоз ба назди кадом духтур рафтан лозим аст?

АНОРГУЛ, хонандаи Oila.tj

Посух:

- Ҳангоми варикоз кашидашавии пойҳо дар поёни рӯзи корӣ одамро азият медиҳад. Дар пойҳо рахҳои кабудфом пайдо шуда, чунон дард мекунанд, ки мехоҳед зудтар дароз кашида пойщоятонро ба ягон баландӣ гузоред. Баробари пайдо шудани нишонаҳои аввалини варикоз назди ҷарроҳи рагҳои хунгард рафта, узии рагҳоро, ки «доплерография» ном дорад, гузаштан лозим аст. Табобатҳои баъдинаро табиб муайян мекунад. Эҳтимоли ба тромбофелит гирифтор гаштанатон ҳам вуҷуд дорад. Маъмулан ҳангоми ин беморӣ дар ҷои лаҳмии пой дарди доимии дилзананда, ки бештар вақт ба сӯзиш табдил меёбад, сар мезанад. Сурхшавӣ ва варам ба вуҷуд омада, дар натиҷа пойҳо дардманд мешаванд. Барои аниқ кардани беморӣ ташхиси ангиографиро анҷом додан лозим аст, то ҳолати рагҳои болоӣ ва даруниро муайян намояд. Духтур натиҷаи ташхисро дида, аниқ мекунад, ки дараҷаи басташавии хун дар рагҳо чӣ қадар аст ва хатари онро муайян менамояд. Хатари ҷиддӣ набошад, доруҳоеро маслиҳат медиҳад, ки ҷараёни лахташавии хунро нисбатан суст гардонда, девораҳои рагҳоро мустаҳкам ва фаъолнокии онҳоро зиёд мегардонад. Доруворӣ бастаи хунро мулоим карда, об менамояд. Дар баъзе ҳолатҳо ҷарроҳӣ пешбинӣ карда шудааст. Дар қисмати поёнии раги басташуда “қапқон ”-и махсус бо номи кава-филтра мегузоранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД