“Шавҳарам чанд рӯз пеш аз дунё гузашт. Қарздор будем, хонаамон дар гарав буд. Имрӯз қарздорон омада гуфт, ки хонаро холӣ кунем. Намедонам бо чор фарзанди ятимам ба куҷо равам....”
Қурбонмоҳ ин суханонро гуфта зор-зор мегиряд. Дар ҳақиқат дарди ӯ басо дарди гарон аст, охир бе ин ҳам як зиндагии қашшоқона доштанд, одами камбағалро дар болои уштур ҳам саг мегазад гуфтагӣ барин, тақдир тири ҷонсӯзе ба дилашн зада, шавҳараш аз дунё гузашт, болои сӯхта намакоб акнун қарздорон хонаашро гирифтаниянд. Зан намедонад сарашро ба кадом дар занад ва аз кӣ мадад пурсад, охир дар сурати ронда шудан аз манзил вай бо 4 фарзанди хурдслаш тамоман дар кӯча мемонад...
Қурбонмоҳ Камолова сокини шӯъбаи сеюми деҳаи Навободи ҷамоати шаҳраки Бохтари ноҳияи Кӯшниён буда, имрӯзҳо ҳоли зоре дорад. Дарди дили ин зани тоҷикро мо аз забони худаш ба шумо қисса мекунем, то аз ҳоли аҳволаш хубтар огоҳ шавед.
-Апаи Қурбонмоҳ чи шуд, ки ба гирдоби мушкилот ғӯтидед?
-Зиндагиамон аз аввал душвор ва як оилаи камбағал будем. Бадбахтӣ пайи бадбахтӣ омада, як рӯз пеш аз иди ғалаба, яъне 8 -майи соли равон шавҳарам аз дунё гузашт. Қарздор будем ва хонаамон низ дар гарав буд. Имрӯз қарздорон омада таъкид карданд, ки хонаро тезтар холӣ кунем. Намедонам бо чор фарзанди ятимам ба куҷо равам... (Гиря мекунад)
-Шавҳаратон ба садама чуд шуд ё бемор буданд?
-Шавҳамарам чанд вақт боз касал буд ва кор карда наметавонист. Каме захираи озуқае, ки доштем, дар давраи бемории шавҳарам тамом шуд. Пас аз вафоти шавҳарам, як хеши дурамон камтар ба мо кӯмак кард, вале маҳсулти овардаи ин одами нек низ ба охир расида, кӯдаконам дигар чизе барои хӯрдан надоранд, бар замми ин, қарздорон хонаро холӣ кунед гуфта истодаанд. Намедонам сарамро ба кадом дар задам, охир б 4 кӯдак касе маро ба хонааш роҳ намедиҳад...
-Фарзандонатон чандсолаанд?
-Се духтару як писар дорам. Фарзандонам ҳамаашон мактабхонанд. Писарам калнтар мебуд, қаори дигарон ба Русия мардикорӣ мерафт, вале нав 6-сола шудааст. Касе нест, ки дасти мро бигирад.
-Бародарону хоҳарони шавҳаратон ёрӣ намерасонанд?
-Раҳматӣ шавҳарам яккафарзанд буд. Аккааву додар ва апаю хоҳар надорад. Хусурам ҳам чанд сол пеш аз дунё гузашта, хушдоманам худаш як зани пири дармонда аст.
-Аз муштариёни сомонаи Оила. ТЧ чӣ мехоҳед?
-Медонам, ки ҳоло зиндагӣ вазнин аст ва мардум бачаҳои худашонро базӯр мехӯронанду мепӯшонанд, вале одамни дасткушод низ ҳастанд, агар барои ризои худвнад ба қадри имкни ба ману 4 фарзанди бепадарам дасти ёрӣ дароз намоянд, як умр дар ҳаққашон дуои нек мекунем. Илтимос, бародарони хоҳарони азиз, ба мо камтарак кӯмак расонед, то ки ақаллан қарзамонро дода, дар хонаи худамон бе миннат зиндагӣ кунем. Нони қоқро дар оби хунук тар карда хӯрем ҳам, розием, фақат бе хона наменем шуд, чунки бехонагӣ дарди гарон аст. Намехоҳам бори дӯши касе шавам. Мардум каме кӯмак кунанду қарзамро пардохт кунам, худам кор карда, зиндагиамро пеш мебарам.
- Хонандагони азиз! Шахсоне, ки ба ин зани дармонда ва фарзандони ятими ӯ дасти ёрӣ дароз карданиянд, метавонанд хайрияи худро ба корти бонкии зерин, аниқтараш ба мобилний кошелеки 919-33-26-56 гузаронанд.
Ҷасури Қиёмиддин