Мадина Ақназарова яке аз сарояндаҳои ҷавону хушовози тоҷик аст, ки дар дили хурду калон бо сурудҳои ҷаззоби хеш роҳ ёфтааст. Мехоҳед бидонед, ки Мадина чӣ гуна машҳур шуд? Пас мутаваҷҷеҳ бошед!
Мадина Ақназарова аз зумраи сарояндаги машҳурест, ки сурудҳояшон миллионҳо мухлису шунаванда доранд. Мадинаро асосан суруди "Ай ёр, ёр" машҳур гардонд. Ин тарона аз нахустин пахшаш ба мардум писанд омада, вирди забони хурду калон гашт.
Тавре худи Мадина Ақназарова зимни як суҳбат гуфтааст, ин таронаро ҳамчун туҳфа барои тӯйи апааш суруда буд, вале ин туҳфа ба худи ӯ низ туҳфа шуда, Мадинаро дар байни мардум хеле машҳур сохт.
Баъди нашри ин суруд Мадина Ақназароваро ба маҳфилу чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла ба консертҳои сатҳи давлатӣ даъват мекардагӣ шуданд.
Ҳамин тавр, бо як суруди дилнишин ин духтараки боистеъдод ба дилу дидаи мардум роҳ ёфт. Ин суруд 7 сол қабл нашр гардида, зиёда аз 2,8 миллион нафар онро онро дар “Ютуб” ва шабакаҳои иҷтимоӣ тамошо кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки айни замон Мадина Ақназарова дар шабакаи иҷтимоии “Инстаграм” зиёда аз 1,5 миллион обуначӣ дорад.