Фараҳманд Каримов сарояндаи маҳбуб дилҳост, ки бо сурудҳои ошиқонаи хеш дар қалби ҳамагон ҷой гирифтааст. Ин ҳунарманди ҷавон дар остонаи соли нав таронаи навашро бо номи “Хато буд” дар ютуб-канали хеш пешкаши мухлисони хеш гардонид, ки дар як рӯз 110 ҳазор нафар онро тамошо кардаанд. Оҳанги суруд аз Сорбон Норбадалов буда, коркарди мусиқӣ аз оҳангсози шинохта Зайниддин Каримов мебошад.
Ин клип дар кишвари зебои Туркия сабт шудааст. Фараҳманд Каримов зимни суҳбат бо сомонаи Oila.tj чунин қайд намуд:
“Зиёд мухлисон интизори суруде буданд, ки ба услуби аввали сурудхониам пешниҳод кунам. Ман ҳам хоҳиши мухлисонро албатта рад карда натавонистам. Барои ҳамин ба ҳамон услуб як суруди навро бо сабти клип дар Туркия пешниҳод кардем. Умедворам ба мухлисон писанд меояд".
Ёдовар мешавем, ки се ҳафта қабл ҳам Фараҳманд Каримов суруди навро бо номи “Бачагӣ” нашр карда буд, ки онро қариб 500 ҳазор нафар тамошо кардаанд.
Маҳина РАҲИМОВА