Фараҳманд Каримов яке аз сарояндагони ҷавону хушовози кишвар аст, ки тавонистааст бо сурудҳои дилнишини худ дар байни хурду калон маҳбубият пайдо намояд. Таронаҳои Фараҳмандро дар “Ютуб” миллионҳо нафар тамошо карда, ба ҳунари ин ҷавони тоҷик баҳои хеле баланд медиҳанд.
Чанд рӯз қабл Фараҳманд Каримов таронаи нави худро дар ютуб-канали хеш бахшида ба рӯзи Артиши миллӣ ва 32-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бо унвони “Генералҳо” пешкаши мухлисони худ гардонд. Ин суруди дилнишинро аз рӯзи нашр то ба имрӯз зиёда аз 45 ҳазор нафар тамошо карда, зераш шарҳҳои зиёде навиштаанд. Матни суруд аз шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафиева буда, оҳанг аз Убайдуллои Каромат мебошад.
Фараҳманд Каримов зимни суҳбат бо мо гуфт, ки худаш ҳам дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон хизмат кардааст ва аз даврони хизмат хотираҳои нек дорад. Ӯ қайд намуд, ки марҳилаи хизмат ба Ватан-Модар яке аз давраҳои беҳтарин аст, ки ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад. Он хеле зуд мегузарад ва қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавонмарди асил аст.
Ёдовар мешавем, ки Фараҳманд 2 сол қабл ҳам дар рӯзи Артиши миллӣ як суруди дилнишинро бо номи “Сарбози ишқ” пешниҳоди ҳаводорони хеш сохта буд, ки то ҳол ин суруд дар байни мардум садо медиҳад.