ТОЛЕЪНОМАИ 9-УМИ ОКТЯБРИ СОЛИ 2025
1290

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Имрӯз боэҳсос ва пурнерӯ ҳастед. Агар дӯстдошта дошта бошед, меҳрубонӣ ва ғамхориро бештар кунед. Дар кор ё таҳсил натиҷаҳои хуб ба даст меоред, агар сабру таҳаммулро пеша намоед. Ба танқиди дигарон аҳамияти зиёд надиҳед, роҳи худро идома диҳед. Ба саломатӣ диққат диҳед: истироҳати кофӣ ва ҳавои тоза ба шумо фоида меорад.

Савр (20 апрел-20 май)

Дар ин рӯз беҳтараш қарорҳои калон қабул накунед, баъзе ҷузъиёти муҳимро намебинед. Дар ҷодаи муҳаббат эҳсосоти нофаҳмо эҳтимол дорад, аз баҳсу ҷанҷол дурӣ ҷӯед. Вазъи молиявӣ устувор аст, вале аз харидҳои эҳсосӣ худдорӣ кунед. Беҳтараш қабл аз мағозаву бозорравӣ рӯйхати чизҳои даркориро тартиб диҳед. Вақти хуб барои хоб ва оромӣ аст.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Имрӯз бо одамони нав вохӯрдан мумкин аст, ки ба ҳаётатон ранги тоза мебахшанд. Агар шахсе шуморо асабонӣ кунад, хомӯш монед, дар ҳама ҳолат беҳтараш сабр кунед. Дар ҷодаи муҳаббат шодиву самимият эҳсос мешавад. Бегоҳ бо дӯстон вақт гузаронед, табъатон болидаву мушкилиҳоро фаромӯш хоҳед кард.

Саратон (21 июн-22 июл)

Имрӯз барои иҷрои корҳои хона ва корҳои шахсӣ мувофиқ аст. Дар ҷодаи муҳаббат эҳтимол рӯйдоди аҷибу самимӣ рӯй диҳад. Дар касбу кор эҳтиёт кунед, як хато метавонад боиси ба таъхир афтидани корҳоятон гардад. Вазъи молиявиатон хуб аст, аммо пули худро беҳуда сарф накунед. Барои саломатӣ хоб ва оромӣ муҳим аст.

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз диққати ҳама ба шумо равона аст, аз ин истифода баред, вале худнамоӣ накунед. Дар ҷодаи муҳаббат меҳрубониву самимият бештар мегардад. Агар шахсе шуморо танқид кунад, асабӣ нашуда, бо табассум ҷавоб диҳед. Ба ғизои худ ва истироҳат аҳамият диҳед, нерӯятонро сарфа кунед.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Рӯзи пурмасъулият аст, вале шумо аз уҳдаи ҳама кор мебароед. Дар касбу кор ҳама ба ҷиддият ва масъулияти шумо эътимод доранд. Ба саломатӣ диққат диҳед, эҳтимоли сар задани хастагӣ ё сардард зиёд аст. Дар ҷодаи муҳаббат вақти ором, вале устувор аст. Агар бо касе муносибати сард дошта бошед, имрӯз беҳтарин фурсат барои оштӣ аст.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Имрӯз эҳсос мекунед, ки мехоҳед бо ҳама оштӣ шуда, ҳамдигарфаҳмӣ дошта бошед. Кӯшиш кунед, ки аз низоъ дурӣ ҷӯед, оромӣ ба шумо нерӯ мебахшад. Дар ҷодаи муҳаббат муносибатҳо устувортар мешаванд, агар самимона рафтор кунед. Дар касбу кор саросемагиву шитоб накунед. Барои саломатӣ вақт ҷудо карда, дар ҳавои тоза қадам занед.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Имрӯз рӯҳияатон баланд аст, метавонед корҳои душворро анҷом диҳед. Боварӣ ба худ калиди муваффақият хоҳад буд. Дар ҷодаи муҳаббат эҳсосотатон амиқанд, вале эҳтиёт шавед, рашк метавонад миёнатон сардӣ оварад. Дар касбу кор бо диққат амал кунед. Дар масъалаҳои пулӣ эҳтиёт кунед, саросемагӣ зарару зиён меорад. Шомро бо оромӣ гузаронед.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Рӯзи пур аз рӯйдод аст. Имконияти ба сафар баромадан ё вохӯрӣ кардан бо шахси ҷолиб зиёд аст. Дар ҷодаи муҳаббат эҳтимол шиносоии нав ба вуҷуд ояд, ки боиси болидарӯҳ шуданатон мегардад. Дар кор ё таҳсил фурсати хуб барои нишон додани истеъдод аст. Агар касе аз шумо маслиҳат пурсад, бо меҳрубонӣ посух диҳед. Ба саломатӣ диққат диҳед, парҳез ва оби кофӣ нӯшидан муҳим аст.

Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)

Имрӯз ба шумо лозим меояд, ки масъулиятҳои зиёдеро бар дӯш гиред. Аз ин наҳаросед, натиҷаҳои хуб ба даст меоред. Дар ҷодаи муҳаббат эҳсосот сард шуда метавонанд, агар ба кор аз ҳад зиёд машғул шавед. Барои наздикон ҳатман вақт ҷудо кунед. Дар масоили молиявӣ эҳтиёт шавед, хароҷоти нолозимро кам кунед. Барои барқарор сохтани нерӯ истироҳат муҳим аст.

Далв (20 январ-18 феврал)

Имрӯз метавонед идеяҳои ҷолибро амалӣ намоед. Дар ҷодаи муҳаббат эҳтимол сӯҳбати ошкоро рӯй диҳад, ки ҳама чизро равшан мекунад. Дар кор ё таҳсил ба натиҷаҳои хуб ноил мегардед, агар бо дигарон ҳамкорӣ кунед. Ба саломатӣ аҳамият диҳед, хастагӣ эҳсос мешавад, ба худ истироҳат диҳед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Рӯзи ором ва пурмаъно дар пеш аст. Имрӯз беҳтараш бо корҳои хонагӣ ё фаъолиятҳои ором машғул шавед. Дар ҷодаи муҳаббат эҳсосоти самимӣ эҳсос мешаванд, шуморо лаҳзаҳзои хушу гуворо интизоранд. Дар касбу кор аз шитоб худдорӣ кунед, қадам ба қадам амал намоед. Харидҳои калонро ба таъхир гузоред. Ба саломатӣ ва истироҳати ҷисмонӣ аҳамият диҳед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД