Ҳамал (21 март-20 апрел)
Субҳ баробари аз хоб хестан, ба оина назар кунед. Кӯшиш накунед, ки дар чеҳраи худ нафари ноӯҳдабароро ҷустуҷӯ кунед. Шумо инсони қавӣ ҳастед, ба шарте ки ба эҳсоси худ боварӣ дошта бошед. Сари як пиёла чой бо дӯстони наздик суҳбат ороед. Ба хонаатон меҳмони нохонда меояд.
Савр (21 апрел-20 май)
Дар иҳотаи наздикон будан ба шумо имкон медиҳад, ки аз ӯҳдаи ҳар кор ба осонӣ бароед. Ба тамошои маконе меравед, ки дербоз орзуяшро мекардед. Дар муносибат бо нафарони аз худатон калон эҳтирому самимиятро фаромӯш накунед. Рӯз барои саврҳои муҷаррад бобарор аст.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Талош накунед, ки хуб будани худро ба дигарон исбот кунед, вақт худаш ҳамаи инро муайян мекунад. Аз нӯшидани нӯшокиҳои хунук ва сахтгазноккардашуда парҳез кунед. Агар ранги забонатон тағйир ёфта бошад, ҳатман ба духтур муроҷиат кунед, зеро ин нишонаи бемории узвҳои ҳозима мебошад.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз барои қисме аз саратонҳо рӯзи бобарор нест, хусусан, барои онҳое, ки бо маблағҳои калон сару кор доранд. Ҳамёни худро эҳтиёт кунед, эҳтимол маблағи калонро аз даст медиҳед. Аниқтараш, онро медузданд. Нафареро мебинед, ки чанд муддат надида будед ва ин дидорбинӣ шуморо хурсанд мекунад.
Асад (23 июл-22 август)
Асадҳои кордону ҷасур рӯзро бидуни мушкилии ҷиддӣ паси сар хоҳанд кард, зеро онҳо ба ақлу заковати худ боварӣ доранд. Барои бастани шартномаҳои корӣ бо ширкатҳои хориҷӣ рӯзи бобарор аст. Дизайни дохили хонаатонро тағйир диҳед ва аз зардевории рангаш кабуд истифода баред.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Кӯшиш накунед, ки худро дар назди дигарон таърифу тавсиф кунед, зеро ҳамагон кӣ будани шуморо медонанд ва ҳоҷат ба муаррифӣ нест. Кӣ буданатонро дар амал нишон диҳед, на дар сухан. Аз дӯстӣ бо нафарони ношинос эҳтиёт кунед. Сиру асроратонро ба ҳама нагӯед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз дар ҷои кор муноқиша сар мезанад, вале ситораҳо ба шумо тавсия медиҳанд, худро ба он ҳамроҳ накунед. Гӯё чизеро надидаед ва аз паси коратон шавед, беҳтар аст. Бештари вақтатонро бо истироҳат гузаронед ва асабҳоятонро ором карда, барои рӯзи дигар қувваи кофӣ ҷамъ кунед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар муносибат бо роҳбарият ширинзабону хушгуфтор бошед, зеро бештари роҳбарон аз ин хушашон меояд. Аммо фаромӯш насозед, ки бо хушгуфторӣ кор ҳал намешавад. Дар иҷрои корҳои бар дӯшатонбуда низ масъулият ҳис кунед. Ба дидорбинии нафаре меравед, чанд муддат надида будед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Барои қавсҳо рӯз аз ҳама ҷиҳат бобарору нек аст. Даромади иловагӣ шуморо дучанд хурсанд мекунад. Зиёд қаҳва нанӯшед, зеро ба гуфтаи олимон, қаҳва мардро ба калшавӣ оварда мерасонад. Қавсҳое, ки бемории қанду дил ва фишорбаландӣ доранд, худро бештар эҳтиёт кунанд.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Агар хоҳед, ки бо ҳамсаратон муноқиша накунед, ба ӯ ҳам аҳамият диҳед ва аз хостаҳои дилаш бохабар шуда истед. Бепарвогии шумо сабаб мешавад, ки муноқишаҳои оилавӣ зуд-зуд сар зананд. Ҷаддиҳое, ки аз бахти аввал хушбахт нашудаанд, бахти дувуми худро пайдо хоҳанд кард.
Далв (21 январ-18 феврал)
Субҳона накардани шумо дар саҳаргоҳон ба бемории узвҳои дохила оварда мерасонад. Кӯшиш кунед, ки ҳадди ақал як пиёла чойи ширин бинӯшед. Барои тиҷорати хурд рӯзи бобарор аст, аммо ба корҳои калонҳаҷм даст назанед. Мошинро боэҳтиёт ва бодиққат биронед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз зодагони зери ин бурҷ хушбахтиро ба маънои томаш дарк мекунанд. Дар дили шумо нисбат ба касе ҳисси нотакрор пайдо мешавад, ки бароятон бори аввал аст. Саросема нашавед, шояд эҳсосатон шуморо фиреб мекунад. Барои лоғар шудан аз ҳар гуна доруҳо истифода накунед, балки ба варзиш машғул шавед.