Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 7-УМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2022
2693

Ҳамал

Дар ин рӯз як қатор монеаҳо сади роҳатон пайдо мешавад, ки дар рафъ карданашон душворӣ мекашед. Айни замон аз дағаливу қаҳру ғазаб худдорӣ намоед. Ҳамин ки худро идора карда натавонистед, дарҳол зиддият ва нофаҳмии атрофиёнро эҳсос мекунед. 

Савр

Тавре рафтор намоед, ки дар ҳаёти ҳаррӯзаатон шодиву нишот бештар бошад. Тақдир ба шумо ягон мушкиливу санҷишро пеш намеорад. Эҳтимоли ба ғалат роҳ доданатон вуҷуд дорад, вале шумо сари вақт онро рафъ карда метавонед. Бо фориғболӣ ё дағалгуфторӣ наздикони худро наранҷонед.

Ҷавзо

Дар ҷодаи касбу кор ва дар ҳаёти эҷодкорон пешниҳодҳои ҷолиб пайдо мешаванд. Гуфтушунидҳо бобарор анҷом ёфта, ба натиҷаҳои назаррас ноил мегардед. Аз муноқиша бо шахси дӯстдоштаатон худдорӣ намоед, бо хӯрдагирӣ ҷонашро ба лаб наоред.

Саратон

Дар ин рӯз бо наздикон, атрофиён ва ҳамкорони худ муноқиша накунед. Агар айни замон худро ба даст гирифта тавонед, рӯзҳои наздик кордатон болои равған мегардад. Дар акси ҳол муноқишаи рухдода тӯл мекашад.

 Асад

Дар ин рӯз ба натиҷаи аниқ умед набандед, ба тақдир такя намоед. Дар ҳама кор бо маслиҳат амал намуда, нисбати атрофиён боилтифот бошед ва коратон барор мегирад. Ба хабаре ки баъди нисфирӯзӣ мешунавед, диққат диҳед.

Сунбула

Ба ҳар коре, ки ба фаъолияти касбии шумо алоқамандӣ дорад, ташаббуси бештар нишон диҳед. Агар дар роҳатон монеае пайдо шавад, кӯшиши рафъ кардани онро накунед. Беҳтараш бо коре машғул шавед, ки аз уҳдааш мебаромада бошед. Аз муноқишаҳо худдорӣ намоед. 

Мизон

Фикру андешаҳои мағшушро аз сар дур намуда, аз нафароне, ки табъи дилатон нестанд, дурӣ ҷӯед. Вақти бештари худро ба шуғли дӯстдоштаи худ равона намоед. Рафъ намудани мушкилиҳои душворро ба таъхир гузоред. Барои дар амал татбиқ сохтани нақшаҳо машғул шавед.

Ақраб

Дар ин рӯз ба нафаре ягон ваъда надиҳед ва ба гапи атрофиён низ бовар накунед. Бо коре, ки аз уҳдааш намебароед, машғул нашавед. Инчунин ба ҷойҳое наравед, ки ба шумо таъсири манфӣ мерасида бошад. Агар ба тавсияҳои боло гӯш диҳед, рӯзатон бобарор мегардад.

Қавс

Рӯзи пур аз ҳодисаҳои гуворо аст. Пешниҳодҳои дилфиреб на танҳо дар касбу кор, балки дар дигар ҷабҳаҳои зиндагӣ шуморо интизор аст. Аз баҳсу мунозира бо роҳбарият ва ҳамкорон худдорӣ намоед. Дӯстдоштаи худро бо ҳарфҳои пурмуҳаббат шод гардонед.

Ҷаддӣ

Нисбати наздикони худ меҳру муҳаббати худро арзонӣ доред. Айни замон шумо метавонед нафаре аз пайвандонро ранҷонед. Нисбати маблағҳои пулӣ бодиққат бошед. Ба касе қарз надиҳеду худатон низ қарзи дарозмуддат нагиред.

Далв

Дар ҷодаи касбу кор ягон тағйироти ҷиддӣ дида намешавад. Беҳтараш бо коре машғул шавед, ки бо осонӣ аз уҳдааш баромада тавонед. Рӯзҳои наздик дар ҳама кору гуфтор боэҳтиёт бошед. Аз муошират бо нафароне, ки аз дидорашон табъатон хира мегардад, худро дур гиред.

Ҳут

Дар касбу коратон мушкилоти ногаҳонӣ имкон дорад. Баробари эҳсос намудани муваффақият монеаҳои ҷиддӣ низ сади роҳатон пайдо мешаванд. Дар натиҷа дилмондаву руҳафтода мегардед. Руҳафтода нагардед, ба наздикӣ вазъият рӯ ба беҳбудӣ меорад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД