Ҳамал (21 март-20 апрел)
Ба оташи ҷангу ҷанҷоли ҳамкорон, дӯстон ва наздикон равған нарезед. Беҳтараш имрӯз аз ҳаргуна муноқиша дур бошед. Роҳбарият ба шумо маоши иловагӣ пешниҳод мекунанд, аммо пеш аз гирифтан мақсади асосии онҳоро фаҳмида гиред. Ба варзиш машғул шавед ва ғизои солим истеъмол намоед.
Савр (21 апрел-20 май)
Имрӯз пешниҳодҳои ҷолиб дар назар аст. Барои даст кашидан аз истеъмоли маводҳои нашъаовар рӯзи мувофиқ аст. Носу тамоку ва машруботро низ аз меъёр зиёд накашеду нанӯшед. Саврҳое, ки дар зиндагӣ мақсади муайян надоранд, ба натиҷаи дилхоҳ ноил шуда наметавонанд.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Рӯз аз ҳар ҷиҳат барои шумост. Агар кори ҷиддиеро анҷом доданӣ будед, имрӯз мувофиқ аст. Ба тиҷорати хавфнок машғул нашавед, зеро вақташ ҳоло фаро нарасидааст. Дӯстдоштаатон бо туҳфаи ногаҳоние табъи шуморо болида мегардонад. Қарз додану қарз гирифтанро дар давоми рӯз тавсия намедиҳем.
Саратон (22 июн-22 июл)
Саратонҳои муҷаррадро шиносоиҳои нав дар назар аст. Лаҳзаҳои беназири ҳаётро қадр кунед. Аз оне ки ҳамкорон ба шумо кӯмак мерасонанд, бо онҳо муносибати хубро ба роҳ монед. Ба ҳодисаҳое, ки дар гирду атроф рӯй медиҳанд, диққати ҷиддӣ диҳед. Ба хабаргирии онҳое равед, ки дербоз надида будед.
Асад (23 июл-22 август)
Рӯз барои гузоштани санги асос ба сохтмони дилхоҳ иншоот, оғоз кардани тиҷорати нав ва бастани аҳдҳо мувофиқ аст. Оқил бошед ва пулро барои чизҳои беҳуда сарф накунед. Аз дигарон таҷриба бигиред, аммо ҳеҷ гоҳ ба нафаре тақлид накунед. Даромади иловагӣ дар охири рӯз шуморо хурсанд мекунад.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Дар ин рӯз ҷони худро барои нафаре, ки дӯсташ медоред, дар хатар мегузоред. Дар бораи чизҳое, ки шуморо ба ташвиш меоранд, ба волидонатон нақл кунед. Сунбулаҳои оиладор бояд дарди дили ҳамсарашонро пурра гӯш кунанд. Муносибататон дар ҷои кор бо роҳбарият хубтар мешавад.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Ба дигарон ҳасад набаред, хусусан, агар намедонед, ки онҳо барои ба ин зинаҳо расидан чӣ азобҳоеро паси сар кардаанд. Аз ғайбати дигарон худдорӣ кунед, агар хоҳед, ки аз боварии эшон набароед. Барои масъалаҳое, ки қабули қарорҳои фавриро талаб мекунанд, рӯзи мусоид аст.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Мушкилиҳоеро, ки давоми рӯз дар ҷои кор пеш меоянд, бояд мустақилона ҳал кунед. Агар худро дар ҷои коратон бад ҳис мекунед, пас вақти он расидааст, ки самти фаъолиятатонро иваз намоед. Ба ҳар ҳол, агар ба дили худ гӯш диҳед, хато нахоҳед кард. Шом хабари хуш шунида, бо шодмонӣ хоб мекунед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз дар бораи он корҳое фикр кунед, ки ояндаи хуб дошта бошанд. Барои оғози тиҷорат рӯзи бениҳоят бобарор аст, муваффақ хоҳед шуд. Субҳ вақте ки ба кор меравед, аввал бо сухани хуш дили ҳамкоронро ба даст оред. Шомгоҳон нӯшидани як миқдор шаробро ба шумо тавсия медиҳем.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Ҷаддиҳои муҷаррад дар ин рӯз бахти худро ёфта, хушбахт мешаванд. Ба онҳое, ки ба шумо бо назари ошиқона нигоҳ мекунанд, аҳамият надиҳед. Бештар дар ҳавои тоза сайр кунед, ба боғи ҳайвонот биравед ва ба ҷамъоварии ҳосил машғул шавед. Аз ин корҳо ҳаловат мебареду манфиат низ мебинед.
Далв (21 январ-18 феврал)
Имрӯз шуморо лозим аст, ки корҳои шахсиатонро бо кӯмаки нафарони бегона ҳал кунед, зеро худиҳо имрӯз бо шумо соз намегиранд. Далвҳое, ки дар ин ё он мусобиқаву олимпиадаҳо иштирок мекунанд, ғолибият ба номашон аст. Ба суханҳои худ аҳамият диҳед, то ба вазъияти ногувор наафтед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз шумо дар маркази таваҷҷӯҳ қарор мегиред ва аз ин хеле хурсанд мешавед. Аз ҳама хурсандиовараш он аст, ки гуфтушунидҳои корӣ ба фоидаи шумо анҷом меёбанд. Ба баъзе ҳутҳо ҷои кори нав пешниҳод мекунанд, аммо ситораҳо мегӯянд, ки то маҷбур набошед, беҳуда ҷои гарматонро хунук накунед.