gazprom august 2025
ТОЛЕЪНОМАИ 5-УМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2025
1606

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз бештар ба ҳамсари худ диққат диҳед, вагарна баҳсҳои ночиз сар мезананд. Туҳфаҳои хурд ва суханҳои ширин муносибатҳоро ба марҳилаи нав мебаранд. Бо наздикон баҳсу исрор ва ҳақ будани худро собит накунед. Рӯзи мусоид барои муаррифӣ ва гуфтушунидҳои корӣ аст. Хонумҳо бо ҷозибаи бештар дилкаш мешаванд. Аз орзуҳои ҳавоӣ парҳез кунед, вагарна мушкилоти молиявӣ ошкор мегардад. Дар ошхона эҳтиёткор бошед, эҳтимоли осеб дидан ҳаст.

Cавр (21 апрел-21 май)

Рӯзи хуб барои вохӯриҳои ошиқона ва мулоқот бо шахси дӯстдошта аст. Ҷозибаи табииатон меафзояд ва дилҳоро тасхир мекунед. Шахси наздик маслиҳат мехоҳад, вале эҳтиёт кунед, ӯ метавонад масъулиятро ба дӯши шумо гузорад. Имрӯз пулро беҳуда сарф накунед. Аз машқҳои зиёди варзишӣ худдорӣ намоед, вагарна осеб мебинед.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Дар изҳори муҳаббат таъхир накунед. Муносибатҳои хуб мехоста бошед, ба мушкилии наздикон диққат диҳед. Дар кор пайдарҳамӣ муҳим аст, вагарна обруятон осеб мебинад. Дар масъалаҳои молӣ бо ақли худ кор кунед. Эҳтимол вазъи саломатиятон як муддат нохуб гардад, вале хавфи ҷиддӣ нест.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз қарорҳои ҷасурона қабул кунед, имкони пайдо намудани муҳаббат зиёд аст. Монеаҳо метавонад аз ҷое пайдо шаванд, ки интизор набудед, аз ин рӯ, аз ҷангу ҷидол худдорӣ намоед. Ба роҳбарон нақшаҳои худро ошкоро бигӯед. Дар хӯрокхӯрӣ андозаро нигоҳ доред, то аз мушкилоти меъдаву узвҳои ҳозима эмин бошед.

Асад (23 июл-23 август)

Асадҳои танҳо имрӯз имкони шиносоӣ ва пайдо кардани муҳаббати самимиро доранд. Ҳатто суҳбати кӯтоҳ метавонад ба муносибати ҷиддӣ табдил ёбад. Барои ошиқон муҳим аст, ки якрангиро дур намуда, муносибатҳоро бо сафар, вохӯриҳо ё ҷашнҳо ғанӣ гардонанд. Ҳангоми кор бо ҳуҷҷатҳо эҳтиёткор бошед, нагузоред дигарон ба шумо халал расонанд. Бештар истироҳат намоед, бо йога ё тамрини сабук машғул шавед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Имрӯз ҳар чизе, ки аз нақша берун меравад, метавонад асабониатон кунад. Ин ҳолат нофаҳмиро бо ҳамсар ё дӯстдошта ба миён меорад. Корҳои хонагиро танҳо ба дӯши худ нагиред, масъулиятро миёни аъзоёни оила тақсим кунед. Дар ҷои кор роҳбар метавонад ба шумо эрод бигирад, аз ин рӯ сабуриро аз даст надиҳед. Мумкин аст хароҷоти ғайриинтизор пеш ояд, вале вазъи молиявӣ устувор мемонад. Барои хоби хуб аз гиёҳчой истифода баред.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз эҳтимол дӯстдоштаатон нисбат ба шумо рашк кунад. Хабари ғайричашмдоште мегиред, ки метавонад муносибатҳои оилавиро душвор созад. Дар ҷои кор вохӯриҳо бо намояндагони идораҳои назоратӣ имконпазиранд, омода бошед. Ба масъалаҳои молиявӣ ҷиддӣ муносибат кунед, қарз нагиред ва хароҷоти калонро мавқуф гузоред. Шомро дар ҳавои тоза гузаронед, сайругашт кунед, то стрессу хастагиро дур намоед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Эҳсоси зиёд метавонад шуморо ба қарорҳои шитобкорона барад, аммо шахси дӯстдошта аз хатогӣ нигоҳ медорад. Агар танҳо бошед, доираи шиносиро васеъ кунед. Аз ҳад зиёд ғурур нишон додан муносибатҳоро вайрон мекунад. Дар касбу кор ташвиш зиёд аст, аммо ҳаёти шахсиро қурбон накунед, мувозинатро нигоҳ доред. Ноумед нашавед, ҳаёт ба самти беҳтар меравад. Бо риояи тарзи ҳаёти солим мушкилоти саломатӣ пеш намеояд.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Агар орзуи пай намудани муҳаббати асилро доред, имрӯз худатон кӯшиш кунед. Ба худ таваҷҷӯҳ намоед: симо, дониш ва нутқатонро беҳтар созед. Маслиҳати пиронсолон на ҳамеша дуруст аст, аз ин рӯ бештар ба худ такя кунед. Имрӯз барои фиристодани резюме ё гузаронидани мусоҳиба рӯзи хуб аст. Хароҷотро бо даромади пулӣ мутобиқ созед. Имрӯз инчунин барои табобати бемориҳо мувофиқ аст.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз тарсу шубҳаҳоро канор гузоред. Рӯҳияи шумо дар муносибати ошиқона нақши калон мебозад, агар эҳтиёт набошед, ҷанҷол пеш меояд. Дар ҷои кор меҳнату сабр талаб мешавад, вале натиҷаҳо хуб хоҳанд буд. Дар масоили молиявӣ беэътиноӣ накунед, пул зуд харҷ мешавад, агар нақша надошта бошед. Ба ҷои шикоят аз хастагӣ, тарзи зиндагиро дигар кунед: парҳези солим ва варзиш қувват мебахшанд.

Далв (21 январ-20 феврал)

Ба зудӣ бо шахсе вохӯрдан мумкин аст, ки дар канораш худро бароҳат эҳсос мекунед. Ба аҳли оилаи худ сарфакор буданро омӯзед. Ба дониш ва таҷрибаи касбӣ такя кунед, имкони пешравӣ зиёд аст. Мушкилотро на ҳамеша бо зӯрӣ ҳал кардан мумкин аст, баъзе чизҳо берун аз қудрати шумоанд. Қувваи рӯҳиву ҷисмониро дуруст тақсим кунед, вагарна стрессу бехобӣ пеш меоянд.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Имрӯз мефаҳмед, ки дӯстдоштаатонро на он қадар хуб мешинохтед, баъзе хислатҳои ӯро фаҳмида, нороҳат мешавед. Дар муносибат бо наздикон нармӣ ва сабр нишон диҳед, аз суханони сахт худдорӣ кунед. Ёрии шахси нуфуздор муваффақият меорад, роҳбарият лоиҳаи навро пуштибонӣ мекунад. Шахсоне, ки ахиран шинос шудед, метавонанд ёрдамчиёни боэътимод гарданд. Агар аз суръати рӯйдодҳо хаста шуда бошед, бештар истироҳат кунед ва саломатиро эҳтиёт намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД