Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 5-УМИ АВГУСТИ СОЛИ 2020
2409

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз ситораҳо пешгӯӣ мекунанд, ки нафарони бадхоҳ ва бадахлоқ аз паси шумо шуда, гирди номатон ҳар гуна овозаҳои беасос мебароранд. Ба ин гуна нафарон ҳатто имкон надиҳед, ки сар боло кунанд. Ҳодисаи ғайричашмдоште рӯй медиҳад ва ба фоидаи шумо анҷом меёбад. Дигаргуниҳо дар ҳаёти шахсӣ ба корҳоятон низ таъсир мерасонанд.

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ҳалли баъзе масъалаҳо бинобар надоштани таҷрибаи кофӣ каме азият мекашед. Бинобар ин, бо нафароне, ки дар соҳаи худ муваффақ ҳастанд, машварат карда, ба маслиҳати онҳо гӯш доданатон хуб аст. Имрӯз танҳо корҳоеро иҷро кунед, ки дар ҳақиқат аз иҷро шуданашон лаззат мебаред.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Имрӯз ҳама корҳо дар нигоҳи аввал ба назаратон душвор менамоянд, аммо дар асл ин тавр нест. Ба ҳар ҳол, аз ҳад зиёд кӯшиш карда, худро овора накунед, зеро роҳбарият корҳои шуморо қадр намекунанд. Шомро мунтазир бошед ва вақтатонро бо хушиву хурсандӣ паси сар карда, аз ҳаёт лаззат баред.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз саратонҳоро зарур аст, ки дар бораи рушди ояндаи корҳояшон фикр кунанд ё нақшаи корҳоеро тартиб диҳанд, ки дар ояндаи наздик амалӣ кардан мехоҳанд. Мағрур нашавед ва ҷиддӣ бошед, то эҳтирому боварии мардумро аз даст надиҳед. Наздиконатонро ба коре маҷбур накунед, онҳоро ба ҳоли худ гузоред.

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз ситораҳо ҳушдор медиҳанд, ки барои муносибатҳои ошиқона ва тиҷорати нав рӯзи бобарор нест. Ҳамсари худро зиёд асабӣ накунед, зеро ӯ бе ин ҳам хаста асту аз шумо танҳо меҳру муҳаббат мехоҳад, на дашному ҳақорат. Агар кори навро шурӯъ кардан мехоҳед, аввал фикр кунеду баъд аз пайи он шавед.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Имрӯз муҳити атрофатон, хусусан, ҳамкоронатон бо рафторҳои ноҷояшон шуморо аз ҳад зиёд асабӣ мекунанд. Дар муносибат бо аҳли оилаи худ фурӯтаниро ба кор баред, вагарна ҷанҷоли калоне сар зада метавонад. Ҳавобаланду мағрур набошед, зеро ҳар ҳавобаланду мағрур рӯзе ҷазои сазовор мегиранд.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз агар аз даҳони дигарон ба номи худ ғайбат ё дашномеро шунидед, хафа нашавед. Кӯшиш кунед, ҳолатҳоеро ба назар гиред, ки бароятон дарси ибрат бошанд. Имрӯз ҳамаи ситораҳо якҷо ҷамъ шуда, ба шумо роҳи дурустро нишон додан мехоҳанд, пас шуморо лозим аст, ки шансро аз даст надиҳед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз қарорҳоеро қабул мекунед, ки хеле душворанд. Ҳангоми интихоб натарсед, ки мабодо хато мекунед. Бигзор иштибоҳ кунед, аммо ба ҳисси худ боварӣ дошта бошед. Ҳолатҳоро тағйир додан ғайриимкон аст, аммо муносибати худро нисбати ҳар ҳолат тағйир додан имконпазир аст.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз барои таҳсил, мулоқот бо дӯстони қадимӣ ва васеъ кардани ҳамкориҳо рӯзи бобарору нек аст. Хабари ғайричашмдошт дарёфт карданатон мумкин аст. Агар нияти амалӣ карданашро надоред, пас ваъдаи беҳуда надиҳед. Дар фикри саломатии худ бошед ва ба хӯрокхӯриатон аҳамияти аввалиндараҷа диҳед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз ҳолати ғайримуқаррарие ба вуҷуд меояд. Коре, ки ба нақша нагирифта будед, ногаҳон амалӣ мешавад. Чанд нафарро ҷамъ карда, гурӯҳеро ташкил кунеду масъалаҳои муҳимро баррасӣ кунед. Имрӯз истеъдоди афсункории шумо ба одамони гирду атроф таъсири худро мерасонад.

Далв (21 январ-18 феврал)

Имрӯз барои тартиб додани ҳуҷҷатҳо, эҷод ва таҳкими робитаҳои корӣ рӯзи бобарор аст. Ҳалли муноқишаҳои дарозмуддат имконпазир аст, ба шарте ки бегуноҳии худро исбот карда тавонед. Ба мағрурии худ такя накунед, балки хоксору заминӣ бошед. Даромади иловагӣ дар назар нест, сарфакор бошед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз шумо имкон доред, ки вазъияти молиявии худро беҳтар созед. Вазифаи нав гирифта, як зина боло баромаданатон аз эҳтимол дур нест. Қаблан дар як иқдом иштирок карда будед, ки имрӯз ғолиб мешавед. Ҳалли масъалаҳои оилавӣ ва корӣ аз шумо фавриятро тақозо мекунанд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД