Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз рӯзи хубест барои муҳаббат ва истироҳат. Агар каме вақт барои худ ёбед, вохӯрии гуворо дар пеш аст. Аз ҷанҷол дурӣ ҷӯед, зеро барқарор кардани муносибатҳо душвор мешавад. Сафарҳо бобарор мешаванд ва фикру андешаи шуморо дигар мекунанд. Пешниҳодҳои хуби корӣ имкон доранд. Аммо имрӯз барои қарорҳои ҷиддӣ муносиб нест. Ҳамчунин ба сифати ғизо диққат диҳед.
Савр (21 апрел-21 май)
Бо нафаре ишқбозӣ карданатон имкон дорад. Вале ба муносибати ҷиддӣ умед набандед. Бо сабр мушкилоти хурд ҳал мешаванд. Дар касбу кор танҳо меҳнат натиҷа медиҳад. Аз фиреб худдорӣ намоед, зеро обрӯятон зарар мебинад. Хастагиро зиёд накунед. Агар имкон бошад, истироҳат кунед ё ба табиат бароед.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Имрӯз дар муносибатҳои ошиқона бодиққат бошед. Сухани сахт нагӯед ва ҷанҷол накунед. Ба зиндагии оилавӣ каме тағйирот ворид кунед. Сафар бобарор мешавад. Дар касбу кор ба худ такя кунед, зеро маслиҳати дигарон метавонад хато бошад. Рӯзро фаъол гузаронед. Сайругашт ё машқи сабук ба шумо фоида меорад.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз ба ҳассосият дода нашавед. Дар сари қаҳру ғазаб муносибатҳои ошиқонаро вайрон накунед. Барои наздикон вақт ҷудо кунед. Баъзе мушкилҳо ҳал мешаванд. Аз даромади шубҳанок дурӣ ҷӯед. Корҳо каме душвор мешаванд, вале шумо аз уҳдааш мебароед. Нерӯи шумо зиёд аст ва метавонед худро дар ҷомеа хуб нишон диҳед.
Асад (23 июл-23 август)
Имрӯз барои муҳаббати нав имконият ҳаст. Шояд шахси мувофиқро вохӯред. Бо наздикон нофаҳмӣ сар мезанад, бинобар ин ором бошед. Рӯзи каме душвор аст. Қарорҳои шитобкорона нагиред. Ба кумаки дигарон такя кунед. Аз ҳад зиёд кор накунед, хастагӣ метавонад ба саломатӣ зарар расонад.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Дар муносибатҳо нофаҳмиҳо мешаванд, вале вазъи молиявӣ хуб аст. Ба наздикон кӯмак кунед. Шомро бо дӯстдоштаатон гузаронед. Кори навро оғоз накунед. Нақшаҳо метавонанд нодуруст бошанд. Аз одамони ботаҷриба маслиҳат гиред. Имкони беҳтар шудани даромад ҳаст. Қарорҳоро бодиққат қабул кунед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Шояд ба муносибати ошиқонаи худ шубҳа кунед. Аз ҳад нагузаред ва агар хато кардед, узр пурсед. Имкони шиносоии муфид пайдо мешавад. Аз он истифода баред. Мушкилоти пулӣ метавонанд пайдо шаванд, аммо ором бошед. Машқҳои ҷисмонӣ барои саломатиятон хеле фоида доранд.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Аз дӯстдоштаатон ранҷиданатон имкон дорад, вале ҳамааш гузаранда аст. Хафагиҳоро фаромӯш карда, аз нав қавӣ мешавед. Дар оила фазои хуб эҷод кунед. Имрӯз неруи зиёд доред. Ба ҳисси худ бовар кунед. Вазъи молиявӣ метавонад беҳтар шавад, вале хароҷоти ногаҳонӣ имкон доранд.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Рӯзҳои хуб идома доранд. Муносибатҳо бо наздикон беҳтар мешаванд. Ҳаёти шахсӣ метавонад шуморо аз касбу кор парешон кунад. Шиносоии нав эҳсоси хуб меорад. Вазъи молиявӣ беҳтар шуданаш мумкин аст. Аз хӯрдани зиёд ва нӯшокиҳои сарду газнок худдорӣ намоед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Агар муносибатҳои ошиқона сард шуда бошанд, аз дӯстдоштаатон каме фосила гиред. Барои беҳтар кардани зиндагии оилавӣ кӯшиш кунед. Агар беадолатиро бинед, оромона фикри худро баён намоед. Эҳтимол ба сафар меравед. Аз корҳои хатарнок дурӣ ҷӯед. Эҳтиёткор бошед.
Далв (21 январ-19 феврал)
Имрӯз шояд дилбастагии нав пайдо кунед. Рӯз барои вохӯрӣ ва суҳбат хуб аст. Дӯстони кӯҳна ба суроғатон омада, шиносҳои нав низ пайдо мекунед. Барои ҳалли мушкилиҳо зиракӣ лозим аст. Бо одамони таҷрибадор суҳбат кунед. Ба корҳои ҳаррӯза диққат диҳед.
Ҳут (20 феврал-20 март)
Муҳаббат дар дили шумо аз нав зинда мешавад. Ба зиндагии шахсӣ диққат диҳед. Шояд шахси мувофиқ дар наздикӣ бошад. Ба маслиҳати наздикон гӯш диҳед, вале худ қарор гиред. Дар касбу кор худро нишон медиҳед. Аз харҷи беҳуда худдорӣ намоед. Бештар истироҳат кунед.