arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 4-УМИ АПРЕЛИ СОЛИ 2024
3605


Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Ҳар орзуву нияте, ки дар дил мепарваред, ба шарте амалӣ мешаванд, ки пайваста заҳмат кашида, меҳнат кунед. Агар аз кор натарсед, бар ивазаш роҳат мебинед. Бо тамоми ҳастӣ аз танҳоӣ гурезед, айни замон он бар зарари шумо хоҳад буд. Нобоварӣ нисбати шахси дӯстдошта ва ӯро ҳамчун моли шахсии худ донистан сабаби нофаҳмиҳои зиёд мегардад. Худро ба даст гиред, ба қаҳру ғазаб дода нашавед. Дар акси ҳол бахти худро аз даст медиҳед. Ба ҳеҷ ваҷҳ сири хонаро ба берун набароред.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Дар ин рӯз бар замми он ки корҳои ба нақшагирифтаи худро ба анҷом мерасонед, боз мушкилоти пешинаи худро ҳам бартараф месозед. Агар аз шумо кӯмак пурсанд, рад накунед. Вазъи молиявиатон мунтазам рӯ ба беҳбудӣ меорад. Пули калон ба даст наоред ҳам, кисаатон холӣ намемонад. Бо сабаби сар задани нофаҳмӣ миёни ҳамкорон маҷбур мешавед, ки аз пайи пайдо намудани ҷои нави корӣ шавед. Нафарони муҷаррадро тағйироте дар пеш нест. Онҳое, ки оиладоранд, бо сабаби камбудиҳои рӯзгор ба мусолиҳа омада наметавонанд.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Аввали рӯз аз ҷорӣ намудани тағйиротҳо наҳаросед. Бо ҳар нафаре, ки шинос мешавед, ба зиндагиятон таъсири хуб мерасонанд. Нимаи дувуми рӯз барои харидани сару либос созгор меояд.  Ба нафаре, ки нисбати шумо бе таваҷҷуҳ аст, дил набандед. Вагарна бори дигар аз зиндагӣ дилмонда мешавед. рӯз барои табобати бемориҳо хеле созгор аст. Нафарони оиладор аз рафтори ҳамсафари ҳаётӣ дилхун мешаванд.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Нақшаву ниятҳои худро ба касе нагӯед, вагарна бадхоҳон аз содагиву зудбовариятон истифода мебаранд. Дар кору тиҷорат пешравӣ дида мешавад. Дар хонаи худ қулфи дару тирезаро иваз накунед.  Ҳангоми кор бо маҳлулҳои кимиёвӣ эҳтиёт шавед. Агар дӯстоне дошта бошед, ки бо сабабе робитаатон қатъ гашта бошад, шом онҳоро ба меҳмонӣ даъват намоед. Нисбати дӯстдоштаи худ бепарвоӣ накунед, вагарна дар сари қаҳр коре мекунад, ки ислоҳ карданаш душвор аст.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Агар нақшаи пайдо намудани ҷои нави кориро дошта бошед, дар ин рӯз ба ин кор даст назанед, вагарна кори хубро аз даст медиҳеду аз он беҳтарашро пайдо карда наметавонед. Агар қайчӣ дар дастатон шиканад, шумо дурӯғеро фош месозед. Вохӯрӣ бо шахси дӯстдошта табъатонро хуш мегардонад. Ҳуҷҷати муҳимеро гум карданатон эҳтимол дорад. Аз душманони пинҳонӣ ва бадхоҳон эҳтиёт шуданатон лозим аст. Иғвогариҳои онҳо ба ҳаётатон бе таъсир намемонад.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Дар ин рӯз шуморо вохӯриву шиносоиҳои бобарор интизор аст. Ҳар танқиду эроде, ки дар мавриди рафтору сару либоси худ мешунавед, ба эътибор нагиред, дар атрофатон бадхоҳону ҳасудхӯрони зиёде ҷамъ омадаанд. Дар воқеъ, дар ин рӯз шумо бо суханони оқилонаву саривақтӣ ҳам пул ба даст оварда метавонеду ҳам муҳаббат. Ҳангоми кор бо ашёҳои нӯгтез эҳтиёт бошед, хатари ҷароҳат бардоштанатон вуҷуд дорад. Рӯз барои харидорӣ намудани мошини шахсӣ созгор аст.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Агар орзуи ба вазифаи баландтаре ноил шуданро дошта бошед, дар ин рӯз имконияти мусоидро аз даст надиҳед. Барои муваффақ гаштан хеле заҳмат кашиданатон лозим меояд.  Хароҷоти калон мекунед. Ба касе қарз надиҳед, вагарна пулро дигар баргардонида наметавонед. Агар нафаре дар фикри бадии шумо бошад, эҳтимол зарари худро мерасонад. Ба саломатии чашмон диққат диҳед.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Дар ин рӯз бо мушкили зиёде машғул шуданатон лозим меояд, вале дар танҳоӣ аз уҳдаи ҳама кор намебароед. Маҷбур мешавед, ки аз дигарон кӯмак пурсед. Нимаи дувуми рӯз агар тасодуфан поруи ҳайвонотро бо пой зер кунед, ин нишонаи он аст, ки аз мушкилоти молиявӣ раҳоӣ меёбед. Ба чашмони худ фишор наоред, дар хонаи чароғаш хира китоб нахонед ва назди компютеру телевизор зиёд нашинед. Нафароне, ки мошини шахсӣ доранд,  эҳтимоли вайрон шудани мошинатон вуҷуд дорад.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Барои рафтору кирдори неке, ки замоне нисбати дигарон кардаед, дар ин рӯз мукофот мегиред. Ба атрофиён имкон надиҳед, ки озодиятонро маҳдуд созанд. Агар  тасодуфан гурбаи сафедро бо пой зер кунед, муҳаббати худро аз даст медиҳед. Нимаи дувуми рӯз эҳтимоли хароҷот карданатон дар назар аст. Бегоҳи  вохӯрии тақдирсоз имкон дорад.  Пулро барои дӯстдоштаи худ дареғ надоред, вагарна ӯро сахт меранҷонед.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Дар ин рӯз муноқишае, ки чанд сол пеш аз сар гузаронида будед, аз нав сар мезанад. Нафаре шуморо ба ғазаб овардан мехоҳад. Аз доираи нафароне, ки бароятон писанд нестанд, худро канор гиред, айни замон бадхоҳон ба ҳама гуна макру ҳила қодир ҳастанд. Бо сабаби танбаливу фориғболӣ тамоми дастовардҳоятонро аз даст медиҳед. Хотираатон  шуморо азият медиҳад, чизеро фаромӯш карда, баъдан бо душворӣ ба хотир меоед. Нисбати шахси дӯстдошта рашку нобоварӣ пайдо мекунед. Агар дар маъракаҳо сабабгори муноқиша шудан нахоҳед, ба эҳсосот дода нашавед.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Дар ин рӯз бо душманони собиқ ва рақибонатон якҷоя ҳамкорӣ карданатон лозим меояд. Қувваву имкониятҳои худро истифода бурда, аз туҳфаҳои тақдир бенасиб намонед. Агар дар кӯча саг ба сӯятон аккос занад, ин маънои онро дорад, ки вазифаи худро аз даст медиҳед ё душманон зарари худро мерасонанд.   Нимаи дувуми рӯз бо нафаре шинос мешавед, ки дар оянда лаҳзаҳои хушеро бароятон ҳадя месозад.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Дар ин рӯз нафароне пайдо мешаванд, ки дар лаҳзаҳои мушкил дастгирӣ мекунанд. Агар бо мақсади харидорӣ намудани чизи дилхоҳ пул ҷамъ мекарда бошед, ба зудӣ маблағи даркориро ба даст меоред. Инчунин дар ин рӯзҳо иштиҳоятон кушода мешавад. Нафароне, ки аз фарбеҳӣ азият мекашанд, ба пурхӯрӣ роҳ доданро тавсия намедиҳем. Бо вуҷуди даромади хуб доштанатон, мушкилоти пулӣ дар мадди аввал меистад. Ба дӯстон қарз додану қарз гирифтанро тавсия намедиҳем. Охири рӯз каме нотоб шуданатон эҳтимол дорад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД