Ҳамал
Дар ин рӯз воқеаҳои ногувор ва ҳатто хатарнок рух дода метавонанд. Аз ҳад зиёд содаву зудбовар нашавед, вагарна ҳам дар кору ҳам ҳаёти шахсӣ сахт фиреб мехӯред. Хусусан нисбати корҳое, ки ба назаратон назарногир менамоянд, бодиққат бошед.
Савр
Тамоми пешниҳодҳоеро, ки дар ин рӯзҳо мегиред, бодиққат дида бароед. Нимаи дуюми ҳафта кори вазнин мадору қуввататонро мегирад, вале маблағи хуб ба даст оварда, табъатон болида мегардад. Сафари роҳи дур бобарор меанҷомад.
Ҷавзо
Дар ин ҳафта ҳар кореро, ки оғоз намоед, аз уҳдааш ба осонӣ мебароед. Нисбати шарикони кори боэҳтиёт рафтор намоед. Барои он ки ба зудӣ бе пул намонед, дар ин шабу рӯз пулро зиёд сарф накунед.
Саратон
Дар ин рӯз ягон навигарӣ мехоҳед. Агар дӯстдошта дошта бошед, бегоҳирӯзиро ҳамроҳаш гузаронед. Рафту муҷарраду танҳо бошед, кӯшиши бо нафаре шинос шуданро кунед. Мурғи илҳоми нафарони эҷодкор ба парвоз меояд.
Асад
Имрӯз дар баробари боҷуръат будан, дағал ҳам мешавед ва ин хислататон боиси муноқиша карданатон бо атрофиён мегардад. Дар ин рӯзҳо аз рӯйи шиори «ҳафт бор чен куну як бор бур» амал намоед. Дар акси ҳол якравиву бадҷаҳлӣ моҷарои зиёдеро ба саратон меорад.
Сунбула
Дар ин рӯз боэҳтиёт бошед, моҷароҷӯӣ накунед, вагарна дили наздиконатонро сахт меранҷонед. Барои он ки рӯз оромона сипарӣ гардад, аз айбҷӯиву танқид худдорӣ намоед. Беҳтараш хонаву мавзеи кории худро ба тартиб биёред.
Мизон
Рӯзи пур аз рӯйдод аст, заҳмати зиёд мекашеду самараашро мебинед. Мушкилиҳои гуногунро рафъ сохта, мавқеи худро устувор месозед. Ба сафар баромада, вохӯриҳоро ба нақша гиред. Бо нафарони бароятон ҷолиб шинос мешавед.
Ақраб
Агар дар муносибатҳои ошиқона қадаме ба пеш гузоштан мехостед, имрӯз айни муддао аст. Муҳим он аст, ки бо шахси бароятон азиз самимӣ бошед, ҳар дурӯғи гуфтаатон ба зудӣ фош мегардад. Агар дар ин шаби соли нав нағзакак омодагӣ гиред, барор ҳамсафаратон мегардад.
Далв
Тамоми нақшаҳои неки шумо бо сабаби пеш омадани вазъиятҳои ногаҳонӣ амалӣ намегарданд. Маблағи бисёр сарф карданатон эҳтимол дорад, хароҷотро кам кунед. Ҳодисаҳои дар ин рӯз рухдодаро ба дил наздик нагиред.
Ҳут
Ҳар ҳодисае, ки дар ин рӯз рух медиҳад, пешгирӣ карда наметавонед. Баъди нисфирӯзӣ ба меҳмонӣ рафта дар хонаи худ меҳмон қабул кунед. Бегоҳирӯзӣ хабари хуш мешунавед.