sebiston july new
ТОЛЕЪНОМАИ 30-ЮМИ НОЯБРИ СОЛИ 2020
2688

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз аз фиребу найранг ва ғайбату бадгӯӣ эҳтиёт шаведу бодиққат бошед. Аз робита бо нафарони худхоҳ ва бадқаҳр худдорӣ намоед. Сари ягон қарори муҳим наоед, дар баҳсу мунозира ширкат наварзед. Нимаи дуюми рӯз эҳтимоли ба даст овардани даромади пулӣ имконпазир аст.  

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ҷодаи муҳаббат тағйиротҳое рух медиҳанд, ки барои шумо комилан ногаҳонӣ ҳастанд. Нофаҳмиву иттилои нодуруст имконпазир аст, бо корҳои кӯҳна машғул нашавед. Аз ҷониби бадхоҳон сар задани ғалатҳо имкон дорад. Хобҳоятон таъбири баръакс доранд. Давоми рӯз ҳам даромади пулӣ имкон дораду ҳам хароҷот.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ҷодаи касбу кор агар муваффақ шудан хоҳед, ба чизҳои майда-чӯйда диққат диҳед. Дар ин рӯз зодагони мучали ҷавзо ба ғамхориву дастгирӣ ниёз доранд. Дар ҷодаи муҳаббат хафагиву ранҷишро фаромӯш созед. Ба мағозаву бозор рафтанро тавсия намедиҳем, хариди бар зарар имкон дорад.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз нерӯятон аз ҳад зиёд мегардад, вале аз субҳи содик бо атрофиён забон ёфта наметавонед. Худро идора карда натавонистан ва қабеҳгуфторӣ сабабгори муноқиша бо ҳамкорон ва наздикон мегардад. Танҳо бо шарофати зиракӣ ва кордонӣ аз тамоми ҳодисаҳои ба саратон омада берун шуда метавонед.  

Асад (23 июл-22 август)

Рӯзи душвор аст. Мушкилиҳоро бо душворӣ ва асабоният рафъ месозед. Мунтазам эътимод ба худро аз даст медиҳед, ба назаратон чунин менамояд, ки ба касе даркор нестед. Ба тамоми мушкилиҳои ба саратон омада худро гунаҳкор насозед. Шумо ба истроҳат ниёз доред. Дар ин рӯз сафарро ба нақша нагиред.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Рӯзи пур аз робита, сафар ва вохӯриҳои кориву ошиқона аст. Шумо дар маркази ҳодисаҳо қарор мегиред. Бо шарофати пешниҳодҳои ҷолиб ва табъи болида диққати роҳбарият ва шарикони кориро ҷалб месозед. Нафароне, ки ба сафарҳои корӣ мебароянд, дучори душвориҳо мегарданд.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз аз пештара бештар ба мушкилиҳои худ саргардон мешавед, вале ба ҷои он ки роҳи ҳалро пайдо намоед, дар олами хаёлоти худ сайр мекунед. Аз ҳақиқат гурехтан роҳи халосӣ нест. Тақдир ба шумо барои аз бӯҳрон берун шудану рафъ намудани мушкилоти молиявӣ имкон фароҳам меорад.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Рӯзи чандон бобарор нест. Ҳодисаҳои зиёде ба саратон меоянд, вале роҳи ҳаллашонро пайдо карда наметавонед. Баъди нисфирӯзӣ даромади пулӣ ва ҳамкории судманд имконпазир аст. Мушкилиҳои оилавӣ асабатонро хароб месозанд. Қабл аз хоб сайругашт карданатон судманд аст.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар давоми рӯз мушкилотеро, ки муддати мадид ба зиндагиятон халал мерасониданд, рафъ намуда метавонед. Ба дастгириву кӯмаки дӯстону ҳамкорон умед мебандед. Баъзе қавсҳо кори хубу сердаромад пайдо мекунанд. Агар нияти ба назди машшота ё сартарош рафтанро дошта бошед, рӯзи мусоид аст.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз барои аксарияти ҷаддиҳо бобарор аст. Хусусан, дар ҷодаи молиявӣ маблағи деринтизорро ба даст оварда метавонед. Баъзеҳо туҳфаҳои қимматбаҳо мегиранд. Вале шумо худро чандон озод ҳис намекунед, чизе шуморо нороҳат мекунад. Дар муносибатҳои ошиқона бовариву эътимодро аз даст додаед.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз шуморо бурдборӣ ва тағйиротҳои судманд интизор аст. Тақдир ба шумо имкониятҳои мусоидеро пеш меорад, ки ҳунару истеъдоди худро нишон дода метавонед. Баъзеҳо дар ин рӯз ба ҷои дигар кӯч мебанданд. Пулҳои худро беҳуда сарф накунед, дар масъалаи муҳиме ба пул ниёз пайдо мекунед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Ҳутҳо дар ин рӯз аз ҳад зиёд фаромӯшхотир мешаванд ва ин оқибатҳои ногувор ба бор меорад. Гап сари робитаҳое меравад, ки бо пул алоқамандӣ доранд. Ба нафаре бояд занг мезадед, бо нафаре дидорбинӣ мекардед, вале ҳамаашро фаромӯш месозед. Баъзан аз рӯи нақшаи пешакӣ тарҳрезишуда зистан хуб аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД