Ҳамал (21 март-20 апрел)
Барои рафъ намудани мушкилиҳои молиявӣ ба қарз ғӯтиданатон шарт нест. Беҳтараш аз пайи пайдо намудани манбаъҳои нави даромад шавед. Дар ҷодаи муҳаббат муносибатҳои ошиқонаатон хеле хуб ҷараён мегиранд. Барои изҳори муҳаббат ва бастани ақди никоҳ давраи муносиб аст.
Савр (21 апрел-20 май)
Тамоми мушкилиҳои зиндагии саврҳо бо шарофати нафари воломақоме ба зудиву осонӣ рафъ мегарданд. Муҳим он аст, ки аз субҳи содиқ аз пайи рафъи мушкилиҳо шавед. Аз рафтори ногаҳонии дӯстдоштаатон ба ғазаб наоеду худро ба даст гиред, вагарна байнатон ҷанҷоли калон сар мезанад.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Дар ин рӯз нақшаи корро тартиб додан бароятон душвор мешавад. Тамоми фикру зикратон банди ҳаёти шахсӣ ва муносибатҳои ошиқонаатон мегардад. Ҷавзоҳои савдогар ва ҳунармандро комёбӣ дар пеш аст. Ақидаҳои худро аз бадхоҳонатон пинҳон доред, вагарна нақшаҳоятон барбод мераванд.
Саратон (22 июн-22 июл)
Тамоми рӯз назди компютер нишастанро тавсия намедиҳем. Бо ин амалатон имконияти беҳтар сохтани вазъи молиявиро аз даст медиҳед. Вазъи саломатиятон бад шуда, бояд фавран чора андешед. Беҳтараш бо усулҳои халқӣ ба табобат машғул шуда, дорувориҳои зиёдро истеъмол накунед.
Асад (23 июл-22 август)
Дар ҷодаи касбу кор имрӯз муваффақ мегардед. Агар ҳама корро дуруст ба нақша гирифта, ҳисобу китобро беғалат ба роҳ монед, мушкилие пеш намеояд. Асадҳое, ки ба соҳибкорӣ машғул шудан мехоҳанд, пеш аз ҳама бояд вазъи молиявии худро ба инобат гиранд, ба андозаи кӯрпаашон пой дароз кунанд.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Ситораҳо дар ин рӯз ба шумо саросема шудану ташвиши зиёд кашиданро тавсия намедиҳанд. Ҳама корро аз рӯйи нақшае, ки пешакӣ тарҳрезӣ кардаед, ба анҷом расонед. Ба шиноси наздики худ ошиқ шуданатон аз эҳтимол дур нест. Дар гуфтору рафтор аз ҳадди эътидол берун набароед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Агар шумо эҷодкор бошед, бояд тамоми нерӯву маҳорати худро истифода баред. Бо як ҳамкоратон, ки кайҳо боз нисбаташ бетафовут нестед, муносибати ошиқонаро оғоз мекунед. Бегоҳирӯзӣ барои сайругашт хуб аст. Вазъи молиявиатон бад нест, аммо хароҷоти худро зери назорат бигиред.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Рӯзи пурмаҳсул аст, дилатон аз фараҳу шодӣ пур мегардад. Ҷаласаҳои муҳиму сафарҳои кӯтоҳмуддати корӣ аз эҳтимол дур нестанд. Тамоми хоҳишҳоятон амалӣ мешаванд, ба шарте ки барои амалӣ шуданашон кӯшиш кунед. Кибру ғурури худро ба ҳамсар ё дӯстдоштаатон нишон надиҳед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Дар ин рӯз ба қувваву маҳорати худ умед баста, мушкилиҳои зиёдеро рафъ месозед. Ба умеди касе нашавед ва дар ҳама кор тахайюлоти худро ба кор баред. Дар ҷодаи муҳаббат ҳазлу шӯхӣ карданатон лозим меояд, вале аз ҳадди эътидол берун наравед, вагарна дӯстдоштаатонро аз даст медиҳед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Агар дар ин рӯз ташаббус нишон диҳед, ҳамкорон шуморо дастгирӣ мекунанд. Аз ҷиҳати молиявӣ рӯзи бобарор аст, ба шарте ки ҳангоми кор бо ҳуҷҷатҳо ба ғалат роҳ надиҳед. Давоми рӯз нафареро вомехӯред, ки умре дар интизораш будед. Барои изҳори муҳаббат рӯзи бобарор аст. Корҳои некро ба таъхир нагузоред.
Далв (21 январ-18 феврал)
Нақшаҳое, ки кайҳо дар назар доштед, имрӯз амалӣ мешаванд. Дар ҷойи кор ҳодисае рух медиҳад, ки боиси рехтани обрӯятон мегардад. Нуқтаи назари худро пайгирӣ намоед, вале баҳс накунед. Бегоҳирӯзӣ истироҳат карда, фикрҳои ғамангезро аз сар дур намоед. Финҷони қаҳва ва танҳоӣ барои шумо давоҳои беҳтаринанд.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Тамоми рӯзро ба мулоқоти дӯстона бахшида, аз баҳри кори бесамару якранг гузаред. Аз мушкилиҳое, ки табъатонро хираву вазъиятро ногувор месозанд, брои ҳамешагӣ дурӣ ҷӯед. Агар бемориҳои сутунмӯҳра, тахтапушт ё буғумдард дошта бошед, дар назди компютер дурудароз нишастанро маслиҳат намедиҳем.