Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 3-ЮМИ ДЕКАБРИ СОЛИ 2020
2645

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Ҳамалҳо бо нерӯву ҷозибаи худ атрофиёнро ба зиндагӣ дилгарм месозанд. Дар назди шумо нафаре бо чеҳраи гирифтаву қавоқи овезон истода наметавонад. Бо нафаре, ки муноқиша карда будед, аз нав муносибатҳои хуб барқарор месозед. Ҳангоми ба ҷое сафар намудан аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода бурданатон беҳтар аст.  

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз ба ҷои он ки бо ягон кори даромаднок машғул шавед, ба кори хона андармон мешавед. Мушкилоти рӯзгор шуморо то андозае фурӯ мебарад, ки корҳои шахсии худро фаромӯш меосзед. Эҳтимоли бад шудани вазъи саломатиятон дар назар аст, хусусан, агар қаҳваро ба мисли об менӯшида бошед.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Ҳар қадаре дар касбу кор ташаббускор бошед, ҳамон андоза имкони дар вазифа боло рафтанатон бештар мегардад. Шуморо ҳатман нафарони воломақом дастгирӣ мекунанд, вале кори асосиро мустақилона анҷом доданатон лозим аст. Вазъи молиявиатон муътадил мегардад, вале онро душвортар нагардонед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз бахту барор ҳамсафаратон мегардад. Ҳатто камбудиҳои дар ҷои кор сарзадаро роҳбарият пай намебаранд. Вале давраи бурдбориҳоятон муваққатӣ аст. Аз ҷониби нафаре, ки дӯсташ медоред, танқиду эрод имконпазир аст. Қабл аз он ки суханеро ба забон меоред, нағзакак андеша намоед.  

Асад (23 июл-22 август)

Шуморо бӯҳрони иқтисодӣ интизор аст. Вақте расидааст, ки норасоии пулиро бо кӯмаки наздикон бартараф намоед, вагарна вазъият душвортар мегардад. Ҳунари дилёбӣ имкон медиҳад, ки ба муноқиша бо шахси дӯстдошта нуқта гузоред. Гузаштаро фаромӯш созед, бо имрӯз зиндагӣ кунед.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Рӯзи тағйироту навгониҳо аст. Мутаассифона, барои амалӣ сохтани нақшаҳои худ пули зиёд сарф мекунед. Дар ҳама кор ба ақидаи худ ва садои қалб гӯш андозед, аз худхоҳӣ ва такаббур худдорӣ намоед. Дар акси ҳол муносибати худро бо ҳамкорон, роҳбарият ва наздикон вайрон месозед. Хобатон амалӣ мешавад.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз дарк менамоед, ки аз корҳои хурду назарногир фоида ба даст овардан мумкин аст. Бомасъулият бошед, нерӯи худро сарф накунед. Нафарони оиладор аз ҳодисае, ки бо яке аз пайвандонашон рух медиҳад, ғамгин мегарданд. Ҳодисаи нохуше сар намезанад, вале ба сафар баромаданатон лозим меояд.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз ӯҳдадориҳои худро халалдор насозед, вагарна бо ҳамкорон муноқиша карданатон имконпазир аст. Баҳсу мунозира фоида надорад, балки корҳоятонро чиғилтар месозад. Ҳар коре, ки дар ҳаёти шахсиятон рух медиҳад, бо айби худатон сар мезанад. Бегоҳирӯзӣ аз истеъмоли шириниҳо худдорӣ намоед.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Қавсҳо натиҷаи зиндагии якмоҳаи худро ҷамъбаст месозанд. Кори худро босифат иҷро намуда, муносибататон бо шахси дӯстдошта хуб аст, ҷайбатон низ бе пул нест. Ба доираи шиносҳоятон нафароне ворид мегарданд, ки чанд муддат робитаро қатъ намуда будед. Дар муҳити оила оромӣ ҳукмфармо аст.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Ҷаддиҳо дар ин рӯзҳои сарди зимистон баҳор мехоҳанд. Агар имконияту хоҳишатон бошад, метавонед сару либоси нав харида, ба назди машшота равед. Ҳангоми ба коллективи нав ворид гаштан, аз ҳад зиёд дар бораи худ маълумот надиҳед. Баъзе ҷузъиёти ҳаёти шахсии худро пинҳон карданатон лозим аст.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Далвҳо рӯзгори беолоишу маблағи зиёд ба даст овардан мехоҳанд. Мутаассифона, худро хеле хаставу абгор ҳис мекунед. Вақте расидааст, ки хастагиҳои ҷамъшударо бароварда, нағзакак истироҳат кунед. Шумо ба гурӯҳи нафарони ҳамақида ниёз доред. Мушкилу корҳои рӯзгорро бе назорат нагузоред.   

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз барои расидан ба ҳадаф тамоми ҳунару маҳорати худро нишон доданатон лозим аст. Муҳимаш аз паси пул надавида, мавқеи худро дар ҷамъият мустаҳкам созед. Агар то ба имрӯз бахти худро пайдо накарда бошед, дар ин ҷода фориғболӣ накунед. Бегоҳирӯзӣ шуморо шиносоии тақдирсоз интизор аст.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД