sebiston july new
ТОЛЕЪНОМАИ 28-УМИ НОЯБРИ СОЛИ 2020
2724

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Нафароне, ки ҳунару маҳорати кашфиётчигӣ доранд, дар ин рӯз даромади пулӣ ба даст оварда натавонанд ҳам, дар касбу кор муваффақ мегарданд. Бештар ба кӯмаку дастгирии дигарон умед бастанатон лозим меояд. Аз фиребу найранг эҳтиёт шавед, вагарна пули зиёдро аз даст дода метавонед.  

Савр (21 апрел-20 май)

Давраи ҷамъ шудани нерӯ аст. Ташвишу изтироби беҳуда ва рӯҳияи ноустувор сабабгори зиёд шудани иштиҳо, ширинихӯрӣ ва ба сигор майл карданатон гашта, ба саломатӣ зарар мерасонад. Сараввал ҳолати рӯҳии худро ба инобат гирифта, баъдан ғизои дуруст истеъмол намоед. Аз ҳама намуди техника худро канор гиред.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Фикру хаёлатон танҳо банди ба даст овардани маблағ аст. Ҳисси кунҷкобиятон меафзояд, вале он даромади пулӣ намеорад. Сафару мукотибаҳо аз шумо сарфи маблағро талаб мекунанд. Пулро барои харидорӣ намудани молҳои зебо, вале нодаркор сарф карданатон имконпазир аст.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Рӯзи хубест барои эҷодкорӣ, хусусан, кори адабӣ ва рӯзноманигорӣ. Савдо бобарор анҷом ёфта, сафарҳои корӣ зиёд мешаванд. Мушкилоти молиявӣ бо хариду фурӯши хона ва камбудиҳои рӯзгор алоқамандӣ дошта метавонад. Баъди нисифрӯзӣ фикри олиҷанобе оиди ба даст овардани маблағ ба саратон меояд.  

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз эҳтимоли сар задани бемориҳои сутунмӯҳра, миён ва рӯдаи тунук дар назар аст. Ба кори дилу рагҳои хунгард фишор наоред. Ташвишу изтироб ба саломатиятон бе асар намемонад. Илова бар ин, ғизои хуб истеъмол карданатон лозим аст. Аз одату амалҳои ба саломатӣ хатарнок даст кашед.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз сунбулаҳо шодиву дилхушӣ кардан мехоҳанд. Таваккал кардан боиси бад шудани вазъи молиявиатон мегардад. Айни замон бояд буҷаи худро назорат намоед. Хариди чизҳои қимматбаҳо ё сарф намудани пул барои дилхушӣ оқибат ба пушаймонӣ мебарад. Ишқи нав пайдошуда ба зудӣ хотима меёбад.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Барои саломатӣ чандон рӯзи бобарор нест, аз ҳодисаҳои рухода худро ҳифз карда наметавонед. Хастагии аз ҳад зиёд боиси хурӯҷ намудани бемориҳои кӯҳна мегардад. Ба саломатӣ диққат диҳед, вале ҳар гуна шубҳаву гумони бадро оиди он ки гирифтори ягон беморӣ ҳастед, ба дил роҳ надиҳед.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Агар нияти ба рухсатӣ баромаданро дошта бошед, барои сафари роҳи дур рӯзи мувофиқ аст. Дар сафар шумо истироҳат намуда, нерӯи тоза ҷамъ мекунед. Вазъи саломатӣ ташвиш дода метавонад. Аз бемориҳои вирусӣ ва сироятӣ эҳтиёт шавед. Ба муноқишаҳо худро ҳамроҳ накунед.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Рӯзи душвор аст, аз шумо нерӯи зиёди ҷисмонӣ ва равонӣ талаб карда мешавад. Эҳтимоли ҷароҳат бардоштан ва сар задани бемориҳои ногаҳонӣ имконпазир аст. Нафарони рӯҳан носолим дучори ҳодисаҳои нохуш шуда метавонанд. Системаи асаби худро мустаҳкам созед ва эҳтиёткориро аз даст надиҳед.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Агар эҳсосоти худро идора карда натавонед, дучори муноқишаву кашмакашҳои зиёд мегардед. Аз таърифу тавсиф худдорӣ намуда, беҳтараш забони худро аз гуфтани гапи зиёдатӣ нигоҳ доред. Гуфтушунид бо роҳбарият хуб анҷом меёбанд. Айни замон бисёр чизҳо аз оқилии шумо вобастагӣ доранд.   

Далв (21 январ-18 феврал)

Нерӯи баланд имкон медиҳад, ки тамоми нақшаҳои худро амалӣ намоед. Рӯз барои нафарони эҷодкор ва тоҷир натиҷаовар аст. Даври табобат бо маҳс ва фитнес ба саломатӣ фоида мерасонад. Хусусан, барои нафароне, ки рӯзи дароз нишаста кор мекунанд. Дар ин рӯз ба сафари роҳи дур набароед.

 

Ҳут (19 феврал-20 март)

Мутаассифона, дар ин рӯз ҳатто наздикон бо шумо забон ёфта наметавонанд. Дар чунин ҳолати асабхаробӣ сари қарори муҳиме омаданро тавсия намедиҳем. Фаъолнокӣ дар касбу кор ба фоидаи шумо аст. Кореро, ки дар давоми моҳҳои охир ба анҷом расонида натавониста будед, дар ин шабу рӯз ба охир мерасонед.  

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД