formula
ТОЛЕЪНОМАИ 28-УМИ ФЕВРАЛИ СОЛИ 2021
2981

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Тамоми фикру андешаи шумо имрӯз ба мушкилиҳои рӯзгор равона мегардад. Корҳои ҷисмонӣ ба фоидаи шумост, вале эҳтиёткориро пеша намоед. Бегоҳирӯзӣ бо нафаре шинос шуда, ошиқ мешавед ва ин муҳаббат умре дар дилу ёдатон нақш мебандад. Барои хариди калон рӯзи бобарор аст.

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз пулҳои худро баҳудаву беҳуда сарф накунед. Наздикони худро бо туҳфа шод карданатон хуб аст, вале қаблан ба нархи он назар кунед. Баъзе саврҳо аз шунидани он ки дар оилаашон сафи фарзандон зиёд мегардад, шод мешаванд. Дар хоб дидани ҳашарот аз бемор шудани яке аз дӯстонатон дарак медиҳад.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Рӯзи орому беташвише шуморо интизор аст. Ҳатто дар хона душворие садди роҳатон намегардад. Дар ҳаёти шахсӣ зудранҷ ва нозук нашавед. Барои ба даст овардани қалби шахси дӯстдоштаатон ҷиҳатҳои хуби хислататонро нишон диҳед. Барои мулоқоти ошиқона рӯзи мусоид ва созгор аст.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Рӯзи бобарор аст. Эҳтимоли ба даст овардани даромади пулӣ, амалӣ шудани орзуҳо ё шунидани хабари хуш вуҷуд дорад. Ҳангоми иҷрои коре ба имкониятҳои худ такя намоед. Иваз кардани ҷойи зистро маслиҳат намедиҳем. Барои беҳ сохтани саломатӣ маҳсулотеро истеъмол намоед, ки аз калсий ва фосфор ғанӣ бошад.  

Асад (23 июл-22 август)

Зарари рӯзҳои пешин имрӯз ба корҳоятон таъсири худро мерасонад. Сабаби ташвиши шумо мушкилоти фарзандон ва норасоии маблағ мебошад. Таҳти таъсири нафаре қарор гирифтанатон имкон дорад, ки шуморо ба фоидаи худ истифода бурдан мехоҳад. Ба касе дарди дил накунед.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Эҳтимоли фиреб хӯрдану хиёнат аз ҷониби дӯстатон имкон дорад. Асабатон чунон хароб мегардад, ки зарараш ба касбу коратон расида, хастагиро эҳсос мекунед. Бепарвоӣ ба мушкилоти рӯзгор ва сарфи беҳудаи пул боиси ранҷиши ҳамсафари ҳаётиятон мегардад. Баъзе рафторҳои худро бояд тағйир диҳед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз кору ташвишатон хеле зиёд мегардад. Қисми зиёди рӯзро дар нақлиёт гузаронида, мағозаву бозоргардӣ мекунед. Хушбахтона, тамоми заҳматҳоятон натиҷаи нек медиҳанд. Эҳтимоли ошиқ шудани мизонҳои муҷаррад вуҷуд дорад. Муҳаббати асил ва бахти худро аз даст надиҳед.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Заҳматписандӣ ва кӯшишу ғайрататон самараи нек медиҳад. Аз маслиҳат, кӯмак ва дастгирии наздикон рӯ натобед. Таъсири нафарони некхоҳ шуморо аз роҳи бад мегардонад. Нафароне, ки нияти ба сафар баромаданро доранд, бояд мушкилиҳои молиявии худро бартараф намоянд. Шом худро каме нотоб ҳис мекунед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Нафароне, ки бо варзиш машғуланд, аз ҷароҳату лат хӯрдан эҳтиёт шуданашон лозим аст. Дар ҳаёти шахсӣ ҳодисаи ногуворе рух медиҳад, ки на танҳо шумо, балки наздикони дӯстдоштаатон низ ба моҷаро ҷалб мегарданд. Барои рафъи мушкилиҳои рӯзгор рӯйхати хароҷот ва даромади оиларо тартиб диҳед.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Рӯзи хубест барои сафару саёҳат. Бо сабаби хариди бобарор ё бурди тасодуфӣ вазъи молиявиатон беҳтар мегардад. Фиреб хӯрдану ба доми макру ҳилла афтидан ва хиёнати дӯстатон имкон дорад. Саховатмандии худро ба дӯстдоштаатон нишон диҳед, меҳру муҳаббаташ нисбататон бештар мегардад.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Барои сафару саёҳат, сайругашт ва истироҳат рӯзи мусоид аст. Нимаи аввали рӯз бонувон бо шахси аҷибе шинос мешаванд, ки тамоми вақт диққаташонро ҷалб месозад. Мардҳо бо нафаре аз наздикон муноқиша мекунанд. Агар нисбати дӯстдоштаи худ дағалӣ кунед, худатон азоби рӯҳӣ мекашед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Субҳи имрӯз бо табъи болида бедор шуда, тамоми рӯзро хурсандона гузаронидан мехоҳед, вале камбудиҳои рӯзгор ва воқеаҳои ногаҳонӣ садди роҳи амалӣ шудани нақшаҳоятон мегарданд. Бонувон хабари хуш ё аз шахси наздики худ туҳфа мегиранд. Дар хоб дидани туман ва дуд фоли бад аст.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД