Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 28-УМИ ДЕКАБРИ СОЛИ 2020
3357

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Рӯзи хубест барои хайру саховатмандӣ. Аз хариду фурӯши манзил ва мошин худдорӣ намоед. Нисбати нафарони калонсоли оилаатон бодиққат бошед, онҳо ба кӯмаку дастгирии шумо ниёз доранд. Муваффақият насиби он ҳамалҳое мегардад, ки пулро сарфа карда метавонанд.  

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз аз фиреб хӯрдану ваъдаҳои хушку холӣ эҳтиёт шавед. Нисбат ба саломатии худ бодиққат бошед. Нафарони пиронсол аз хурӯҷ намудани бемориҳои музмин азият мекашанд. Эҳтимоли хастагӣ ва дарди сар вуҷуд дорад. Ҳақ будани худро дар ин рӯз собит карда наметавонед.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Рӯзи макру фиреб ва муноқишаҳо аст. Эҳтимол, бо атрофиён моҷаро мекунед. Танқиди тасодуфиро ба дил наздик қабул накунед ва дар навбати худ зимни робита хеле боэҳтиёт бошед, то ки ба иззати нафси касе расида, рашку ҳасадро бедор насозед. Даромади на он қадар зиёд дар назар аст.

Саратон (22 июн-22 июл)

Рӯзи душвор аст. Фиреб, хомхаёлӣ ва бадгумонӣ сабабгори рафтори беандешаи шумо мегардад. Дар ин рӯз аз касе пул қарз нагиред, аз муомилаҳои пулӣ бо дӯстон худдорӣ намоед, вагарна ҳам дӯстиятон хотима меёбаду ҳам пул ба даст оварда наметавонед. Мушкилоти оилавии худро ба касе нагӯед.  

Асад (23 июл-22 август)

Агар мушкилиҳои рӯзи пешинаро бобарор ба анҷом расонед, пас рӯзи бобарор насибатон мегардад. Қалбатон ором мегирад. Маблағи пулиеро, ки интизор ҳастед, имрӯз низ ба даст оварда наметавонед. Ба саломатии гурдаву меъдаатон диққати бештар диҳед. Каме нотоб шуданатон аз эҳтимол дур нест.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Барои истироҳати бофароғат ва дилхушӣ рӯзи мусоид аст. Нафаре, ки аз шумо кайҳо боз қардор буд, дар ин рӯз пулро бармегардонад. Меҳнати дастаҷамъона бобарор анҷом меёбад. Дилёбиву хушчақчақӣ ва зеҳни тезатон боиси ба даст овардани маблағи хуб мегардад, аммо дар масрафи он сарфакор бошед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Рӯзи муноқишаву низоъ аст. Бо атрофиён гапатон мегурезад. Хастагиву асабоният таъсири худро мерасонад. Бо наздикони худ боэҳтиёт бошед, то ки рашку ҳасадашонро наоред. Аз пайи ҳавову ҳавас ва кайфу сафо нашавед, вагарна обрӯву эътиборатон рехта, наздикон аз шумо рӯ метобанд.

 

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Кори вазнин ё бепарвоӣ нисбати саломатӣ шуморо аз пой афтонида метавонад. Якравию одати рӯирост гап задан боиси вайрон шудани муносибат бо наздиконатон мегардад. Мушкилиҳои рӯзгор тамоми вақтатонро фаро гирифта, кӯшишу дастгирии атрофиён натиҷа намебахшад.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Вазъи молиявиатон дар ин рӯз чандон хуб нест. Бар замми ин, муносибататон бо ҳамкорон ва наздикон вайрон мегардад. Хоҳиши фармонфармоӣ карданро аз худ дур созед, вагарна дӯстдоштаи худро сахт меранҷонед. Кӯшиш кунед, ки манбаъҳои нави даромадро пайдо карда, вазъи молиявиатонро хуб кунед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Рашку хомхаёлӣ ва фиребу найранг сабабгори рафтори беандешаи шумо мегардад. Нияту нақшаҳои худро пинҳон нигоҳ доред, бадкирдориҳои душманон натиҷаи коратонро барбод медиҳад. Ба қаҳру ғазаб роҳ додану бо ишқварзӣ машғул шуданро маслиҳат намедиҳем. Аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷӯед.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Барои нафароне, ки бо тиҷорат машғуланд, рӯзи бобарор аст. Мулоқоти ошиқона низ табъатонро болида месозад. Бонувони муҷаррадро шиносоии гуворо интизор аст. Хобҳои дидаатон аз рӯйдоде дарак медиҳанд. Мутаассифона, дар ин рӯз маблағи хуб ба даст оварда наметавонед, ба умед нашавед.  

 

Ҳут (19 феврал-20 март)

Нимаи аввали рӯз ташвиши рӯзгор ва мушкилиҳо тамоми вақтатонро фаро мегиранд. Худхоҳӣ ва беҳурматӣ нисбати ҳамсуҳбататон сабаби муноқишае мегардад, ки ба фоидаи шумо анҷом намеёбад. Барои беҳтар сохтани вазъи молиявии шумо нафарони ношинос дасти кӯмак дароз мекунанд.  

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД