Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз зимни робита бо ҳамкорон боэҳтиёт бошед. Як сухани ноҷои шумо боиси вайрон шудани муносибатҳо гашта метавонад. Нафароне, ки бо тиҷорат машғуланд, дучори баъзе мушкилоти молиявӣ мегарданд. Дар муносибатҳои ошиқонаи шумо мушкиле дида намешавад.
Савр (21 апрел-20 май)
Дар ин рӯз ба корҳое, ки боиси сарфи зиёди пул мегарданд, даст назанед. Дар касбу кор аз рӯи нақша амал кунед. Нимаи аввали рӯз босамар амал карда метавонед, вале баъди нисфирӯзӣ бо сабаби фаромӯшхотирӣ ғалатҳо сар мезананд. Истодагарӣ дар роҳи расидан ба ҳадаф ба вазъи молиявиатон таъсири хуб мерасонад.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Баъзеҳо дарк мекунанд, ки муносибатҳои ошиқонаи онҳо дар асоси садоқат ва дӯстии асил сохта шудааст. Дидор бо дӯстон ва ҳамфикрон дар ин рӯз боиси хушҳоливу қаноатмандии шумо мегардад. Аз лоиҳаҳои пурмоҷаро худро канор гиред. Нафароне, ки нияти харидани мебелро доранд, серташвиш мешаванд.
Саратон (22 июн-22 июл)
Рӯзи хубест барои машғул шудан бо корҳои сохтмонӣ. Нафароне, ки имкони ба сафар баромаданро доранд, оромишу осудагӣ ба даст меоранд. Мутаассифона, вазъи саломатӣ нохуб мегардад. Масунияти бадан ва дилу рагҳои хунгард бемор мешаванд. Ҳангоми худро бад ҳис кардан, фавран ба табиб муроҷиат намоед.
Асад (23 июл-22 август)
Рӯзи душвор аст. Дар назди нафарони ношинос кӣ будани худро нишон доданатон лозим меояд. Аз баҳсу мунозираи шадид гурехта наметавонед. Сафари корӣ айни муддаост, шумо бояд вазъи молиявии худро мустаҳкам намоед. Дар муносибат бо аҳли хонавода фишор наоред, беҳтараш ҳамдигарфаҳмӣ кунед.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Дар ин рӯз имкониятҳои мусоидро барои беҳтар сохтани касбу кор ва вазъи молиявӣ аз даст надиҳед. Мурғи иқболро аз даст надиҳед, вагарна вазъият ҳар лаҳза метавонад тағйир ёбад. Айни замон иваз кардани ҷои кор маслиҳат дода намешавад, вале ба касбу кори пешина рӯ овардан боиси ба даст овардани фоидаи пулӣ мешавад.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Мизонҳо дар ин рӯз ба ҳар нафаре, ки рӯ ба рӯ шаванд, маслиҳат медиҳанд. Ба нафаре дар бобати саломатӣ, ба дигаре бобати ҳаёти шахсӣ ва ба сеюмӣ оиди афту андом фикру андешаи худро баён намуда, сабаби сар задани муноқиша мегардед. Қабл аз он ки нафареро муҳокима мекунед, ба камбудиҳои худ нигаред.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Ақрабҳо дар ин рӯз барои баҳсу мунозира баҳона меҷӯянд. Агар ташнаи ҷангу муноқиша бошед, нерӯи манфии худро бо варзиш берун намоед. Варзиш асабатонро ором намуда, атрофиёнро аз дағаливу дуруштгуфтории шумо эмин нигоҳ медорад. Дар масъалаҳои пулӣ баъзе тағйиротҳо дида мешаванд.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Дар ин рӯз ба масалаҳои пулӣ ва корӣ аз ҳад зиёд мароқ зоҳир накунед. Вазъи молиявиатон душвор мегардад, даромади пулӣ ба даст оварда наметавонед. Агар хоксории худро нишон дода тавонед, баъзе нафарони хайрхоҳ ба кӯмакатон мешитобанд. Дар муносибатҳои оилавӣ нофаҳмӣ имкон дорад.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Барои нафароне, ки дар ин рӯз нияти бозору мағозагардӣ доранд, рӯзи сарф кардани пули зиёд аст. Эҳтимол, шумо молу ашёеро харидорӣ мекунед, ки тамоман бароятон даркор намешавад. Дӯстатон хабари хуш меорад ва то дергоҳ дар мавриди он суҳбат мекунед. Ба дил гумони бадро роҳ надиҳед.
Далв (21 январ-18 феврал)
Рӯзи бобарор аст, шиносҳои нав пайдо намуда, таассуротҳои тоза мебардоред. Нафареро, ки дӯсти дерин мешуморидед, симои аслии худро нишон медиҳад. Ба саломатии худ диққати хоса диҳед, хусусан, ба ҳолати буғумҳо ва сутунмӯҳра таваҷҷуҳ намоед. Аз корҳои ҷисмонӣ ва варзиш худдорӣ кунед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Ҳутҳоро лозим аст, имрӯзро тавре сипарӣ намоянд, ки гӯё дирӯз ба дунё омада бошанд. Аз зинагӣ ҳаловат баред, хушҳолӣ кунед ва бепарво бошед. Баъзан бепарвоӣ фоида дорад. Вале дар масъалаҳои молиявӣ ҷиддӣ амал кунед. Фаромӯш насозед, ки пул ҳисобу китобро дӯст медорад.