sebiston july new
ТОЛЕЪНОМАИ 27-УМИ ФЕВРАЛИ СОЛИ 2021
3164

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз аз пешниҳодҳои хуби корӣ рӯ нагардонед. Мушкилиҳое, ки садди роҳатон гаштаанд, ба зудӣ ҳалли худро меёбанд. Боисрор бошед ва боақлона рафтор намоед. Дарди сар ва бемадорӣ аз шамол хӯрданатон дарак медиҳад. Бегоҳирӯзиро ҳатман дар ҳалқаи дӯстону наздикон гузаронед.  

Савр (21 апрел-20 май)

Рӯзи пурзаҳмати муқаррарӣ аст. Заҳмати кашидаатон натиҷаи хуб медиҳад. Ҳатто мушкилиҳои пайдошуда табъи шуморо нохуш намегардонанд. Диққати худро ба ҳодисаҳои ҷиддӣ равона созед, ба ташвишу хавотирии атрофиён диққат надиҳед. Баъди нисфирӯзӣ ҳодисаҳои ногаҳонӣ, вале гуворо имкон доранд.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз аз пештара бештар ботаҳаммул бошед. Танҳо дар ҳамин ҳолат вазъияти баамаломадаро рафъ карда метавонед. Эҳтимоли каме нотоб шуданатон вуҷуд дорад. Меҳнати вазнини ҷисмонӣ тавсия дода намешавад. Танҳо дар иҳотаи дӯстону наздикон худро роҳат эҳсос мекунеду халос.

Саратон (22 июн-22 июл)

Барои робитаву гуфтушунидҳои корӣ рӯзи мусоид нест. Сабру таҳамул ва заҳматписандиятон мушкилиҳои рӯзро кам месозанд. Давоми рӯз ба дастгирии роҳбарият ё кӯмаки нафаре умед набандед. Яку якбора иваз шудани табъу ҳолати рӯҳиятон садди роҳи пешравиатон мегардад.  

Асад (23 июл-22 август)

Вақте расидааст, ки аз дунёи хаёлоти худ берун шуда, ба зиндагӣ бо чашми дигар назар намоед. Танҳо дар ҳамин сурат ҳодисаҳоеро, ки дар атрофатон рух медиҳад, хубтар дарк мекунед. Нисбати дӯстдоштаатон дар дил кинаву адоват нагиред. Нишонаҳои бемориеро, ки нав пайдо мешаванд, беэътибор нагузоред.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Рӯзи номусоид аст. Мушкилиҳои ҷиддӣ, аз қабили рехтани обрӯву нуфӯз, хисороти молиявӣ ва бемориҳои ҷиддӣ имкон доранд. Сабру таҳаммул ва масъулиятнокиатонро сардор хуб қабул мекунад ё нафаре кӯмак мерасонад. Дар ин рӯз машрубот ва хӯрокҳои равғанин истеъмол накунед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Ҳодисаҳои ногаҳонӣ боиси вайрон гаштани муносибати шумо бо ҳамкорон ва дӯстон мегарданд. Дар ин рӯз аз пештара дида, босабртар бошед. Мушкилиҳои молиявӣ табъатонро хира месозанд. Ба наздикони худ маслиҳат надиҳед ва ба ҳаёти касе дахолат накунед. Қарз нагиред ва хариди калон накунед.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Барои мардҳо рӯзи хеле душвор аст. Вазъи саломатиятон яку якбора бад шуда, ҷароҳатҳои гуногун бардошта метавонед. Дар танҳоӣ сайругашт накунед, ҳамчунин, аз роҳгардии босуръат худдорӣ намоед. Дар ҳаёти бонувон душвориҳо пеш меоянд. Кӯшиш кунед, ки танқиди атрофиёнро ба дил наздик қабул накунед.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Рӯзи хатарнок аст. Ҳодисаҳои моҷароомез, беморӣ ва ҷароҳат бардоштанатон эҳтимол дорад. Баъзеҳо аз хешу таборе, ки кайҳо боз надидаанд, хабари хуш мешунаванд. Аз харидани чизҳои даркорӣ худдорӣ намоед, зеро харидатон бебарор мешавад. Агар имкон дошта бошед, рӯзро бо наздикон гузаронед.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Сабру таҳаммул ва кордонии шумо боиси дастгирии роҳбарият ё кӯмаки сарпарастон мегардад. Яку якбора нохуш шудани табъ ва рӯҳафтодагӣ садди роҳи пешравиҳоятон мегардад. Дар ин рӯз бо худтабобаткунӣ машғул шуданро тавсия намедиҳем. Бегоҳирӯзиро бо аҳли оила гузаронед.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Нақшаҳоятон ба шарте амалӣ мешаванд, ки ноаён амал намуда, онҳоро ба касе нақл накунед. Дар ҷои кор бо сардор муноқиша карданатон имкон дорад. Камқувватӣ, табъи нохуш ва рӯҳафтодагӣ дар назар аст. Мардҳо ба муносибатҳои ошиқонае роҳ дода метавонанд, ки ҷуз пушаймонӣ чизе ба даст намеоранд.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Нобарорӣ зимни робитаҳо ё дар муносибат бо наздиконатон мушкилӣ сар мезанад. Шиносоиҳои нав боиси дилмондагӣ ва хастагиятон мегарданд. Баъзеҳо бо ҳамкорон ва ҳатто бо роҳбарият муноқиша мекунанд. Оромиро нигоҳ дошта, ба коре, ки боиси душвор гаштани вазъият мегардад, даст назанед.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД