Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 26-УМИ НОЯБРИ СОЛИ 2020
2877

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Барои он ки рӯзатон ором сипарӣ гардад, аз амалҳои хатарнок худдорӣ намоед. Агар шахси дӯстдоштаатон аз пештара камтар нисбататон таваҷҷуҳ намояд, рӯҳафтода нашавед. Бо вуҷуди серкорияш ӯ шуморо дӯст медорад. Нафарони муҷаррад ба яке аз дӯстони наздики худ ошиқ мешаванд.  

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз муваффақияти шумо муваққатӣ аст. Ба кори муҳиме даст назанед, зеро дар ин шабу рӯз на танҳо одамон, балки вазъият бар зарари шумо хоҳад буд. Бо дӯстдоштаи худ ошкорову самимӣ бошед, танҳо дар ҳамин ҳолат нофаҳмиҳоро рафъ месозед. Бо мақсади ба даст овардани даромади пулӣ таваккал накунед.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Рӯзи серташвиш аст. Бисёр чизҳоро ба дил наздик қабул мекунед. Имкониятҳои худро ба назар гиред, вагарна аз ӯҳдаи кор баромада наметавонед. Аз муноқишаи начандон калоне, ки бо дӯстдоштаатон рух медиҳад, рӯҳафтода нашавед. Агар шумо бахти худро пайдо накардаед, пас имконияти хубро аз даст надиҳед.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз бо дӯстону шарикони корӣ ҳамфикр буданатон лозим аст. Шахси дӯстдоштаатон дар ин рӯз ҳама гуна рафтори шуморо ба дил наздик қабул мекунад. Нафарони муҷаррад яку якбора ба дили чандин нафар роҳ ёфта метавонанд.. Соҳибкороне, ки тиҷорати шахсӣ доранд, каме даромад ба даст меоранд.

Асад (23 июл-22 август)

Дуруштмуомилагӣ на танҳо боиси ранҷиши атрофиён, балки ба корҳоятон низ зарар мерасонад. Эҳсоси нобовариро аз худ дур созед. Нисбати шахсе, ки дӯсташ медоред, ба гумонҳои бад роҳ надиҳед. Нафарони муҷаррад тавассути интернет шиносоӣ пайдо мекунанд. Дар масъалаҳои молиявӣ муваффақият насибатон мегардад.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз сифатҳои мусбии худро истифода бурда, сифатҳои манфиро нигоҳ доштанатон беҳтар аст. Аз гуфтори дурушт худдорӣ намоед, вагарна дӯстдоштаи худро меранҷонед. Вазъи молиявиятон хеле хуб гашта, барор ҳамсафаратон мегардад. Серкор мешавед, вале ба танбалӣ роҳ надода, фаъол бошед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз аз шиносоиҳои нав ва дарди дилкунӣ худдорӣ намоед. Ба касе чизеро ваъда надиҳед, хусусан, дар ҷодаи муҳаббат. Нафарони муҷаррад ба тақдир тан дода, бурд мекунад. Дар масъалаҳои молиявӣ комёбӣ насиби нафароне мегардад, ки бо кори савдо, миёнаравӣ ва соҳаи нақлиёт машғуланд.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз аз корҳои вазнин ва сафари роҳи дур худдорӣ намоед. Бо нафароне, ки ба шумо писанд нестанд, робита накунед. Бо онҳое, ки сирру асрори шуморо фош месозанд, робитаи зич карданро маслиҳат намедиҳем. Нафароне, ки алҳол муҷаррад ҳастанд, аз ишқбозии беҳуда худдорӣ карданашон лозим аст.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Ба нофаҳмиҳои оилавӣ роҳ надиҳед, вагарна танҳо бо дурандешӣ вазъиятро ислоҳ кардан имконпазир мегардад. Ба касе чизе ваъда надиҳед, наранҷонед, ба иззати нафси касе нарасед. Нафарони муҷаррад чӣ будани ишқ аз нигоҳи аввалро эҳсос мекунанд. Эҳтимол, муҳаббати зуд пайдошуда ба зудӣ хомӯш мегардад.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Монеаҳоро моҳирона паси сар мекунед, беҳуда ташвиш накашед. Нафаре, ки бо шумо ногап буд, кӯшиши оштӣ шуданро мекунад. Барои ҳодисаҳое, ки миёни шумову дӯстдоштаатон сар мезананд, масъулиятро ба даст гирифтанатон лозим меояд. Танҳо дар ҳамин ҳолат аз амалҳои беандеша эмин мемонед.

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ҳама кор андозаро нигоҳ доред. Хусусан, ҳангоми истифодабарии воситаҳои косметикӣ, инчунин, ҳангоми машғул шудан бо варзиш аз ҳад нагузаронед. Зимни муносибат бо ҳайвонот эҳтиёткор бошед. Дар ин рӯз нақши миёнаравро хеле хуб бозида, робитаҳои кориро вусъат бахшида метавонед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз ба муноқишаву низоъ роҳ надиҳед, муносибати хуб бо шарикони корӣ на танҳо боиси пешравӣ, балки болидарӯҳӣ мегардад. Рашку рақобат бар зарари худатон мегардад. Нафарони муҷаррад набояд ба шахсе, ки нисбаташ боварӣ надоранд, муҳаббат варзанд. Манбаҳои нави даромадро пайдо мекунед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД