arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 26-УМИ ИЮНИ СОЛИ 2024
4573
no-img

Ҳамал

Корҳоятон дар ин рӯз хуб ҷараён гирифта, нақшаҳо амалӣ мегарданд. Вақте расидааст, ки нафарони муҷаррад аз пайи бунёд намудани оила гарданд. Барои харидани хона, иҷора гирифтану аз нафаре пул қарз кардан рӯзи бобарор аст, вале маблағи зиёдро барои хариди бемаънӣ сарф карданро маслиҳат намедиҳем. Рашк ва хиёнат муносибатҳои ошиқонаатонро комилан душвор месозанд. Бонувон бояд нисбати саломатӣ бодиққат гашта, дар вақташ хобу истироҳат намоянд.

Савр

Дар ин рӯз ба эҳсосот дода нашавед, вагарна дар кору ҳисоби пул ба ғалат роҳ дода метавонед. Ба ҳеҷ ваҷҳ ба фикру андешаҳои мағшуш дода нашавед, табъи худро болида нигоҳ доред. Дар кӯча ё нақлиёт бо нафаре шинос мешавед, ки дунёи шуморо комилан тағйир дода, бо тамоми ҳастӣ ошиқ мегардед. Бо худтабобаткунӣ машғул шуда, ба худ танҳо зарар мерасонеду халос.

Ҷавзо

Муҳаббату ҳамдигарфаҳмие, ки дар хонадонатон аст, ба вазъи молиявии шумо таъсири мусбӣ мерасонад. Дастгирии шахсе, ки дӯсташ медоред, дар ҳалли масъалаҳои муҳим шуморо муваффақ мегардонад. Яку якбора кӯшиши ҳама корро ба сомон расониданро накунед. Дар ин рӯз гурусна гаштанро маслиҳат намедиҳем. Бемории дар ин рӯз сарзадаро танҳо баъди тоза кардани ҷисм аз заҳру ифлосиҳо рафъ карда метавонед.

Саратон

Вазъи молиявиатон дар ин рӯз рӯ ба беҳбудӣ меорад. Маблағи хуб ба даст меоред, агар онро ба кори сердаромад маблағгузорӣ намоед, бурд мекунед. Нимаи аввали рӯз ба дағалӣ роҳ надиҳеду нимаи дуюми рӯз аз саросемагӣ худдорӣ намоед. Табобати дар ин рӯз саркарда натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Нафаре ба бахти шумо ҳасад мебарад.

Асад

Дар ин рӯз хатари рух додани муноқишаву нофаҳмӣ бо ҳамкорон зиёд аст. Вохӯриву сафарҳоро ба нақша нагиред. Иваз кардани ҷойи кор ё пайдо намудани манбаи нави даромади пулиро низ тавсия намедиҳем, эҳтимоли фиреб хӯрданатон зиёд аст. Шахси дӯстдоштаатон ба хотири ҷалб намудани диққати шумо кӯшиши зиёд ба харҷ доданаш лозим меояд.

Сунбула

Муносибатҳои ошиқонаи шумо ба як оилаи хушбахт мубаддал гашта метавонад. Фаромӯш насозед, ки санги вазнинро об намебарад. Барои сазовори зиндагии шоиста гаштан шумо бояд тарзи ҳаёти солимро пеш баред. Вазъи молиявиатон мунтазам рӯ ба беҳбудӣ меорад. Эҳтимоли хурӯҷ намудани бемории илтиҳоби меъда дар назар аст.

Мизон

Дар ин рӯз мағозаву бозоргардӣ бар зарари ҳамёнатон мегардад. Нафаре аз наздикон аз шумо кӯмаки молиявӣ мепурсад. Аз дарди сар азият кашида, нафароне, ки бемориҳои музмин доранд, нотоб мегарданд. Ба гуфтору рафтори худ диққат диҳед, вагарна шахси дӯстдоштаатонро сахт меранҷонед.

Ақраб

Дар масъалаҳои пулкоркунӣ аз роҳҳои санҷидашуда истифода баред, вагарна бо кисаи холӣ мемонед. Эҳтимоли руҳафтодагӣ ва асабоният дар назар аст. Нимаи дуюми рӯз барои хоб вақтатонро дареғ надоред. Дар масъалаҳои ошиқона бонувон бояд ба садои дил гӯш диҳанд. Дар ин рӯз хӯрдани маҳсулотҳои нониро тавсия намедиҳем.

Қавс

Вазъи молиявиатон рӯ ба беҳбудӣ меорад. Масъулиятнокӣ ва ҳисобу китоби дақиқ боиси пешравиҳои касбӣ ва афзудани обрӯву мақоматон дар байни ҳамкорон мегардад. Баъди нисфирӯзӣ вохӯрии ошиқона боиси муносибатҳои мустаҳкам мегардад. Хастагии вақтҳои охир ба саломатиятон беасар намемонад.

Ҷаддӣ

Рӯзи душвор аст. Барои мардон шиносоӣ дер давом намекунад. Ба хотири рангину гуворо сохтани зиндагии якрангатон шахси дӯстдоштаатон на вақтро дареғ медораду на маблағро. Бо вуҷуди сар задани каме нофаҳмиҳо кӯшишҳои ӯро ба инобат гиред. Кӯшиш намоед, ки барои салқин шудан оби яхдоштаро истеъмол накунед.

Далв

Дар ин рӯз дар ҷодаи касбу кор ва масъалаҳои молиявӣ ба ғалат роҳ дода метавонед. Ба фикру анлешаҳои мағшуш дода нашавед. Муносибатҳои ошиқонаатон чандон хуб ҷараён намегиранд. Нисбати саломатӣ бодиққат бошед. Ҳангоми интихоби маҳсулоти хӯрока бодиққат бошед, эҳтимоли бад шудани саломатӣ вуҷуд дорад.

Ҳут

Мушкилиҳои молиявии дар ин рӯз сарзада бо сабаби дӯстон ва иғвогарии дигарон сар мезанад. Орзуву омолҳои хомро аз сар дур созед. Дар ин рӯз аз истеъмол кардани хӯроки тунд худдорӣ намоед. Дар ин рӯз гирифтори руҳафтодагӣ ва асабоният шуданатон эҳтимол дорад. 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД