new banner new years
ТОЛЕЪНОМАИ 25-УМИ ИЮНИ СОЛИ 2024
2403

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Аз ҳад зиёд содаву зудбовар нашавед ва аз нафарони дурӯяву дурӯғгӯ дурӣ ҷӯед. Вохӯриҳо бо дӯстони наву дерин пур аз эҳсосот мегардад. Мардони дар мучали ҳамал тавлидёфта аз ҳодисаҳои сарзада ба ҳайрат меоянд. Нақшаву ниятҳоятон тағйир меёбанд. Бонувон ба ҳар коре, ки дар давоми рӯз даст мезананд, бояд нағзакак санҷидаву оқибаташро андеша менамоянд.

Савр (21 апрел-22 май)

Серкор мешавед. Уҳдадориҳои касбиву корӣ, вохӯриҳо ва кор бо ҳуҷҷатҳо зиёд мегарданд. Саломатии худро аз ҳама гуна инфексия, вирус ва корҳои ҷисмонӣ ҳифз намоед. Хабару иттилооти аҷиб мешунавед. Асабонияту фишори руҳие, ки дар ин рӯз сар мезанад, бо сабаби он аст, ки шумо аз чӣ гуна сурат гирифтани зиндагии ояндаи худ дилпур нестед.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Дар ин рӯз танҳо бо корҳое машғул шавед, ки аз уҳдааш баромада метавонеду барояш вақту имконият доред. Мардони мучали ҷавзо вақти бештари худро дар оила мегузаронанд. Бонувон аз баъзе ҳодисаҳо дилгиру руҳафтода мешаванд. Аз робита бо нафароне, ки ба шумо майл доранд, дурӣ наҷӯед. Танҳо бо сабабе, ки мушкилиҳои зиёде ба дӯшатон бор гардидааст, гӯшанишин нагардед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз уҳдадориву вазифаҳои муҳимро пурра ба анҷом расониданатон лозим меояд. Аксари корҳоятон бо пул алоқамандӣ доранду аз шумо диққати зиёдро талаб мекунанд. Бо вуҷуди асабӣ ва ғазаболуд будан аз ҳама гуна баҳсу мунозираҳо худдорӣ намоед, дар акси ҳол вақту қувваи худро беҳуда сарф мекунед. Нақши муҳимро дар комёбиҳоятон кордониву чолокии шумо мебозад.

Асад (23 июл-23 август)

Вазъи молиявиатон ба шарте хуб ҷараён мегирад, ки хароҷоти пулии худро ба нақша гирифта тавонед. Агар нияти насия гирифтанро дошта бошед, рӯзи мусоид аст. Дар хонаатон ҳодисаи хуше рух медиҳад. Мардони мучали асад ба саломатии худ диққати ҷиддӣ дода, баъзе нишонаҳои бемориро аз мадди назар набояд дур гузоранд. Бонувон ба кӯмаку дастгирии дигарон умед мебанданд.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Шумо бояд нақшаи хароҷоти худро тартиб диҳед. Бо кори иловагӣ машғул шуда, сарчашмаҳои нави даромадро пайдо намоед. Муносибатҳои оилавии шумо муътадил сурат гирифта, барои сари қарори муҳиме омадан маълумоти кофӣ ба даст меоред. Аз ҳузури нафарони хушчақчақ нерӯ мегиред. Ба муноқишаҳо роҳ надиҳед, беҳтараш роҳҳои дигари ибрози ақидаро интихоб намоед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз асабиву ҳассос ва бадҷаҳл мешавед. Дар ин ҳолатҳо кӯшиш намоед, ки зараратон ба дигарон нарасад. Пешниҳоду даъватномаҳоро рад накунед. Бадкирдориҳои нафареро, ки яке аз ҳамкорони шумо муайян месозад, одамшинос набудани шуморо бори дигар собит месозад. Мардони мучали мизон хабару ҳодисаҳои нохушро дар бораи шиноси худ шунида, ғамгин мегарданд.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Аз шунидани хабарҳои нохуше, ки дар ҳаёти пайвандон ё дӯстонатон рух медиҳад, ғамгин мегардед. Агар сади роҳи ҳодисаҳои сарзада нагардед, имконияти пешравии касбу коратон фароҳам меояд. Ҳодисаҳои чанд сол пеш аз сар гузаронидаатон бори дигар сабаби ғамгинӣ ва ашк рехтани шумо мегардад. Мардони мучали ақраб кӯшиш мекунанд зарари молиявии сарзадаро бартараф созанд.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Аз ҷониби ҳамкорон, мизоҷон ё ҳамсояҳоятон мавриди фиребу сӯистифода қарор гирифтан шуморо асабӣ мегардонад. Занги телефониеро интизор мешавед ва аз хабаре, ки дербоз интизораш будед, қаноатманд мегардед. Бонувони мучали қавс бо дӯстдоштаи худ лаҳзаҳои хотирмонро сипарӣ менамоянд.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Хабару иттилооти зиёде ба даст меоред, ки муҳимтарин ва муфидтаринашро бояд маҳфуз нигоҳ доред. Ин хабарҳо ба ҳаёти шахсӣ, оила ва касбу кори шумо вобастагӣ доранд. Дар давоми рӯз ҳуҷҷати муҳими молиявӣ ё шартномаро ба имзо мерасонед. Аксарияти зодагони мучали ҷаддӣ даромади иловагии худро тавассути сарчашмаҳои гуногун беҳтар месозанд.

Далв (21 январ-20 феврал)

Баъзе уҳдадориву вазифаҳои муҳим ба рафти корҳои оилавиятон таъсири худро мегузоранд. Мушкилиҳо зиёд мешаванд, вале шумо аз уҳдааш ба хубӣ мебароед. Агар аз баъзе нақшаҳо даст кашидан лозим ояд, руҳафтодаву ғамгин нашавед. Баъзе ҳодисаҳо барои ҳаёти дигарон моҳияти муҳим доранд ва шумо набояд сади роҳи он шавед. Ҳафта дар ҳаёти шахсӣ ва ошиқонаи шумо лаҳзаҳои хотирмон ато менамояд. Ба бемориҳои музмин диққати бештар диҳед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Дар ин рӯз бе кӯшиш ва заҳмати зиёд ба мақсад намерасед. Ҳама гуна макру ҳила ба кор намераванд. Яке аз пайвандонатон бемор мешавад. Мушкилӣ ва ташвишатон хеле меафзояд. Дар хона меҳмонро интизор шавед. Рӯзи хубест барои баргузор намудани маъракаи ақди никоҳ ё тӯй. 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД