Formula novemver 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 25-УМИ ИЮЛИ СОЛИ 2021
3309

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Корҳои аз дирӯз боқимондаро ба поён расонида, нафаси осуда мекашед. Барои табобати бемориҳо бо давоҳои халқӣ рӯзи бобарор аст. Агар худатон сабабгори муноқишае нагардед, аз ҷониби дигарон мушкилие дар назар нест. Табъатон хуш набошад ҳам, хастагиро эҳсос намекунед. Даромади иловагӣ дар назар аст.  

Савр (21 апрел-20 май)

Барои он ки хато накунед, бояд бодиққат бошед. Камтарин ғалат боиси мушкилиҳои зиёд мегардад. Дар умум рӯз барои саврҳо душвор аст. Эҳтимоли сар задани мушкилоти молиявӣ ва хароҷоти калон, аммо беҳуда дар назар аст. Ба наздикони худ танқидро раво набинед, вагарна онҳоро сахт хафа мекунед.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Рӯзи бобарор аст. Аз мусоидии рӯз истифода бурда, мушкилоти касбиро рафъ ва соҳиби даромади иловагӣ мешавед. Ба варзиш машғул шуда, бештар дар ҳаракат бошед. Аз нафари арзандае туҳфаи ногаҳонӣ мегиред. Оббозӣ дар ҳаммоми гарм хастагиро рафъ месозад. Дар масъалаҳои иқтисодӣ танбал нашавед.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Рӯз орому беташвиш аст, ягон ҳодисаи муҳим рух намедиҳад. Дар масъалаҳои ошиқона зиёд ташвиш накашед, зеро рӯзҳои наздик ҳодисае рух медиҳад, ки ҳама камбудиҳоро фаромӯш мекунед. Машқи бадан дар фазои кушод ба саломатӣ муфид аст. Дар масъалаҳои молиявӣ корҳои худро ба тартиб дароред.  

Асад (23 июл-22 август)

Ҳодисаҳои манфие, ки дар давоми рӯз рух медиҳанд, ба ҳаёти шахсиатон низ таъсири худро мерасонанд. Бо атрофиён муноқиша карда, бо калонсолони оила гапатон мегурезад. Аз хариди калон ва чизҳои нолозим худдорӣ намоед. Баъди оббозӣ кардан вазъи саломатиатон андаке бад мешавад.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз аз кам будани имкониятҳои худ рӯҳафтодаву дилмонда нашавед. Агар кӯмак лозим шавад, аз шиносҳои дерина ёрӣ хоҳед. Ба корҳои ҷисмонӣ машғул нашавед, вагарна сахт монда шуда, саломатиатон бад мешавад. Барои он ки муносибататон бо наздикон вайрон нашавад, дурӯғ нагӯед ва бо сабр бошед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Вазъият дар ин рӯз яку якбора рӯ ба беҳбудӣ оварда, орзуҳои деринаатон амалӣ мешаванд. Бо наздикон нофаҳмӣ дида намешавад, бо дӯстони нав низ ба зудӣ забон меёбед. Шахсеро, ки дӯст доштаед, ба мулоқоти ошиқона даъват кунед. Корҳои вазнини ҷисмониро тавсия намедиҳем, беҳтараш имрӯз фақат истироҳат кунед.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Як рӯзи пур аз ҳодиса аст, ки шуморо ба ҳаяҷон меорад. Душманон аз заифиятон истифода бурда, бар зидди шумо шӯриш бардошта метавонанд. Аз муноқиша бо нафароне, ки ояндаи шумо аз онҳо вобастагӣ дорад, худдорӣ намоед. Ба пурхӯрӣ роҳ надиҳед ва аз хӯрокҳои равғанин ва тунду шӯр худдорӣ кунед.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Барои қавсҳо рӯзи орому беташвиш аст. Ҳама корҳоятон бобарор анҷом меёбанд. Диққати худро ба масъалаҳои молиявӣ ва роҳҳои нави даромади иловагӣ равона созед. Агар заррае дар фикри саломатии худ бошед, пас ба назди духтур равед. Беморие, ки нисбаташ беаҳамиятӣ зоҳир мекунед, куҳна мешавад.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Мушкилиҳо ҳалли худро ёфта, вазъият рӯ ба беҳбудӣ меорад. Эҳтимоли ба даст овардани маблағи иловагӣ вуҷуд дорад. Дӯстдоштаатон бо рафторҳояш шуморо хурсанд мекунад. Субҳу шом либоси гарм пӯшед, то шамол нахӯред. Бештар чойи гарм нӯшида, аз ҷойҳои шамолдаро дурӣ ҷӯед. Муваффақият насиби шумост.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Рӯз аз ҳар ҷиҳат бобарор аст. Аз рақибону душманонатон хавотир набошед, имрӯз онҳо ба шумо зарар расонида наметавонанд. Ба бемориҳои роҳҳои нафас диққати аввалиндараҷа диҳед. Барои фаромӯш сохтан ва рафъи хастагӣ бештар дар ҳавои тоза гаштугузор кунед. Шом ба хонаатон меҳмон меояд.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз ба корҳои дилгиркунанда машғул нашавед. Эҳтимоли муноқиша бо ҳамкорон дар ҷои кор вуҷуд дорад. Худро зиёд хаста накунед ва аз шамолхӯрӣ эҳтиёт шавед. Давоми рӯз ба корҳое машғул шавед, ки даромади хуб дошта бошанд. Бегоҳирӯзӣ барвақттар хоб карда, истироҳат намоед.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД