Sebiston new 2024 october
Толеъномаи 24-уми апрел
24.04.2022
Нодира
2962

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз мардҳо қобилияти нишон додани ҳунару маҳорати худро пайдо месозанд. Ҳангоми сари қароре омадан боэҳтиёт бошед. Нимаи дуюми рӯз бо дӯстони дерин вомехӯред. Кӯшиш намоед, ки муноқишаҳои пешинаву кинаву ранҷишро ба дил наздик қабул накунед. Ба доми дуздону ҳаннотон афтиданатон имкон дорад.

 

Савр (21 апрел-22 май)

Дар ин рӯз пешниҳоди хуби корӣ мегиред, ки онро бояд нағзакак ҳаллу фасл намоед. Иваз намудани ҷои зист ё ҷустани даромади пулӣ маслиҳат дода намешавад. Аз омад накардани коратон асабӣ нашавед, баъди нисфирӯзӣ вазъият рӯ ба беҳбудӣ меорад. Саврҳои муҷаррад сахт ошиқ мешаванд.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Ҳангоми ба нафаре ваъда додан хеле боэҳтиёт бошед. Мавқеятон дар миёни дӯстон чандон хуб нест, аз ғайбату буҳтон эҳтиёт шавед. Нафаре дар фикри бадии шумо аст. Ба баҳсу мунозира роҳ надиҳед ва ҳангоми кор бо асбобҳои техникӣ ҳушёриро пеша намоед. Бо худ гирифтани пули калонро тавсия намедиҳем, эҳтимоли гум кардани пул вуҷуд дорад.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз аз ҳодисаҳои ногаҳонӣ эҳтиёт шавед. Қувваву пули худро захира кунед. Баъзеҳо пардаву палоси хонаи худро иваз кардан мехоҳанд, вале айни замон барои ин корҳо мувофиқ нест. Аз нӯшидани обҳои газнок ва ҷойҳои серодам дурӣ ҷӯед. Мулоқоти ошиқона ва сафарҳоятон бобарор меанҷоманд.

 

Асад (23 июл-23 август)

Дар ин рӯз бонувон имкони нишон додани ҳунару маҳорати худро пайдо мекунанд. Зиракиву ҷозибаи худро нишон дода, мушкили дилхоҳро рафъ карда метавонед. Мардҳо бо дӯстони дерини худ вомехӯранд. Кӯшиш намоед, ки муноқишаҳои пешина, нофаҳмиҳо ва ранҷишро ба хотир наоред. Хобҳоятон амалӣ мегарданд.

 

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз тамоми вақти худро ба мушкилоти рӯзгор ва наздикон бахшиданатон лозим меояд. Вазъиятро дуруст ҳаллу фасл намоед, он гоҳ роҳи дурустро пайдо месозед. Ба эҳсосот дода нашавед, ба нуқтаи назари дигарон гӯш накунед, бо амри дили худ амал карданатон беҳтар аст. Хеле боэҳтиёт ва оқилона амал кунед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Рӯзи хеле бобарор аст, тамоми мушкилоти рӯзгорро рафъ карда метавонед. Имкони беҳтар сохтани вазъи молиявии худро пайдо месозед. Дар ин рӯз эҳсосоти худро назорат намоед. Баъзе нафаронеро вомехӯред, ки табъатонро нохуш месозанд. Ҳангоми робита бо наздикон, хусусан нафарони калонсоли оилаатон нофаҳмӣ имкон дорад.

 

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Баҳои оқилона ба ҳодисаҳои ҷорӣ шуморо аз хатогиву иштибоҳ раҳо мебахшад. Қабл аз васеъ намудани доираи фаъолияти худ ё банақшагирии истироҳат имкониятҳои худро ба назар гиред. Дар бораи нақшаву ниятҳоятон ба касе чизе нагӯед, вагарна диққати душманонро ба худ ҷалб месозед. Айни замон муносибати худро бо атрофиён вайрон насозед.

 

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз аз ғайбату ҳилаву найранги бадхоҳон эҳтиёт шавед. Кореро, ки аз уҳдааш намебароед, ба дӯши худ нагиред ва ба касе чизе ваъда надиҳед. Бо наздикони худ дағалӣ накунед, рафту худро ба даст гирифта натавонистед, ҳатман бахшиш пурсед. Бегоҳирӯзӣ дар танҳоӣ сайругашт карданро маслиҳат намедиҳем.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз хатари хурӯҷ намудани бемориҳои музмин имкон дорад. ба касе қарз надиҳед, вагарна пулатонро дигар баргардонида наметавонед. Манбаи даромади худро ба касе нагӯед. Дӯстдоштаатон аз бемеҳрии шумо меранҷад. Овозаву хабареро, ки дар ин рӯз мешунавед, табъатонро хира месозанд.

Далв (21 январ-20 феврал)

Шиоратон дар ин рӯз – муҳаббат, оромӣ ва нишот аст. Рӯзи хубест барои сафару саёҳат. Тамоми вақти холии худро бо шахси дӯстдоштаи худ гузаронед, пушаймон намешавед. Баъди нисфирӯзӣ хабари ногаҳонӣ боиси тағйир додани нақшаву ниятҳоятон мегардад. Маблағи худро барои камбудиҳои рӯзгор сарф мекунед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Рӯзи душвор аст. Хастагии аз ҳад зиёд боиси рух додани ҳодисаҳои нохуш мегардад. Ҳангоми рафъи мушкили дилхоҳ танҳо ба қувваи худ такя намоед, ба дастгирии нафаре умед набандед. Бо шахси дӯстдоштаатон муноқиша карда, эҳтимоли ҷудо шуданатон вуҷуд дорад. Сабру таҳаммулро пеша кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД