Sebiston new 2024 october
ТОЛЕЪНОМАИ 23-ЮМИ ОКТЯБРИ СОЛИ 2020
2587

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Бо шарофати ҳамфикрон мушкилоти зиёдатонро рафъ месозед. Нисбати атрофиён аз ҳад зиёд сахтгир шуда, боиси ранҷишашон мегардед. Фишори хунатон дар ин рӯз номуътадил мешавад. Нафароне, ки гирифтори ғаму андӯҳ ҳастанд, нотоб мегарданд. Барои беҳтар сохтани саломатӣ фикрҳои мағшушро аз худ дур созед.

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз танҳо хӯроки тару тозаро истеъмол намуда, ба пурхӯрӣ роҳ надиҳед. Баҳсу мунозираи илмӣ бо шахсе, ки дӯсташ медоред, оташи муҳаббатро дар дилатон бештар месозад. Боҷуръаттар амал намуда, дар масъалаҳои молиявӣ бурд мекунед. Хатоҳои қаблан кардаатонро дигарбора такрор мекунед.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз асаби худро эҳтиёт намуда, аз эҳсосоти нодаркор худдорӣ намоед. Барои рафъ намудани хастагиҳо нерӯи худро ҷамъ карданатон лозим аст. Агар нияти оила барпо намуданро дошта бошед, дар ин самт зуд чораҳои фаврӣ андешиданатон лозим аст. Дар масъалаҳои молиявӣ бурдборӣ ҷониби шумо аст.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз мушкилоти зиёди оилавиро дар танҳоӣ рафъ сохтанатон лозим меояд. Барои беҳдошти саломатӣ аз субҳ қандчой нӯшиданатон кофӣ аст. Ба ҷои қаҳва шарбати себ нӯшед. Рафту туршнокии меъдаатон зиёдтар бошад, нӯшидани шарбати себро тавсия намедиҳем.  

Асад (23 июл-22 август)

Ба назаратон чунин менамояд, ки шуморо истифода мебаранд, фиреб медиҳанд, вале дар асл чунин нест. Шумо бояд нуқтаи назари худро тағйир диҳед. Аз ҳад зиёд бо кор андармон шуданатон ба саломатӣ бе таъсир намемонад. Эҳтимоли аз сар ҷароҳат хӯрданатон вуҷуд дорад. Мулоқоти ошиқона нақшаҳоятонро тағйир медиҳад.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз ба коре диққати худро ҷамъ карданатон душвор мегардад. Ғалату камбудиҳои хурд зиёданд, аз ин рӯ, кореро ба сомон расонида наметавонед. Нафаре ба шумо изҳори муҳаббат мекунад. Агар натиҷаи заҳматҳои худро дарҳол набинед, рӯҳафтодаву дилмонда нагардед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз нерӯи кориатон заиф мегардад. Ҳамкорону роҳбарият кӯшиши каме саросема шудани шуморо карда, асабатонро хароб месозанд. Аз кору амале, ки боиси халалёбии ҳолати руҳӣ мегарданд, худдорӣ намоед. Ба пурхӯрӣ роҳ надиҳед. Хусусан, ба ҳолати устухону буғумҳо диққат диҳед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Барои оғози корҳои муҳим рӯзи мусоид аст. Ба шитобкорӣ роҳ надиҳед, кӯшиши пешгирӣ кардани ҳодисаҳо натиҷа намедиҳад. Аз нафароне, ки боиси хира гаштани табъатон мегарданд, дурӣ ҷӯед. Бештар бо нафари ба дилатон наздик робита намоед. Дар муносибатҳои ошиқонаатон тағйиротҳои гуворо рух медиҳанд.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Рӯзи душвор аст. Нисбати атрофиён шубҳаву гумони бадро ба дил роҳ дода, муносибатҳоятонро душвор месозед. Вазъи молиявиатон рӯ ба беҳбудӣ меорад. Нафароне, ки бо сабаби серкорӣ аз хобу хӯрок мондаанд, аз дарди сар азият мекашанд. Мулоқоти ошиқонаро ба рӯзи дигар монед.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Аз нафаре хабар мешунавед, ки кайҳо боз якдигарро надидаед. Имкони барқарор сохтани муносибатҳои кандашуда фароҳам меояд. Барои нафароне, ки дубора оиладор шудан мехоҳанд, рӯзи бобарор аст. Дар ин рӯз истеъмоли зиёди гӯшт боиси нотоб гаштанатон мегардад.

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз эҳтимоли ба наздикон муноқиша карданатон вуҷуд дорад, ба камтарин ҳодисаи рухдода диққат дода, асабӣ мешавед. Эҳтимол, ба нафаре сахт дил баста, нигоҳатон ба зиндагӣ комилан тағйир меёбад. Вазъи саломатиятон аз он вобастагӣ дорад, ки то кадом андоза худро эҳтиёт мекунед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз хароҷотатон калон мешавад. Агар сари вақт истиҳола накунед, маблағи зиёд сарф карда, тамоман бепул мемонед. Эҳтимол, нафаре бароятон туҳфа тақдим мекунад. Дар бад шудани вазъи саломатӣ одатҳои бадатон гунаҳкоранд. Вақти бештари худро ба оила сарф кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД