formula
ТОЛЕЪНОМАИ 23-ЮМИ ФЕВРАЛИ СОЛИ 2021
3852

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Агар дар ин рӯз сафари роҳи дурро ба нақша гирифта бошед, он бароятон тақдирсоз мегардад. Хушчақчақу дилрабо бошед, то ҳамсафари ҳаётии худро пайдо сохта тавонед. Нафаре, ки шуморо дӯст медорад, аз ташвишҳо раҳоятон мекунад. Ба маслиҳатҳои ӯ гӯш андохта, бурд мекунед.  

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз бо касе шинос нашавед. Баъзе дӯстони наватон тамоми умр ба шумо “дарди сар” мешаванд. Рӯзи хубест барои сафари дарозмуддат ва ба хонаи нав кӯчидану таъмир кардан. Эҳтимол, ба дағаливу нофаҳмӣ дучор мегардед. Ҷанҷоли хурд ба муноқишаи калон табдил меёбад.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз ба ҳар як кори майда-чӯйда диққат диҳед. Айни замон ҳамёнатон холӣ гаштааст, зудтар аз пайи пайдо намудани даромади иловагии пулӣ шавед. Эҳтимоли фиреб хӯрдану ба туҳмат печиданатон вуҷуд дорад. Бегоҳирӯзӣ ба хонаатон меҳмон меояд, барои қабул омода бошед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ҳаёти шахсиятон давраи душвор фаро мерасад. Муносибати дӯстдоштаатон сарду бепарвоӣ зоҳир намуда, ба шумо, ки табиатан шахси зиндадил ҳастед, сахт алам мекунад. Барои беҳбудии саломатӣ витамин истеъмол карда, аз рӯи реҷа хӯрок хӯред. Бо зеҳни тезатон дар масъалаҳои молиявӣ бурд мекунед.  

Асад (23 июл-22 август)

Бо хешовандон каме ҷанҷол мекунед. Ҳама корро мустақилона рафъ намуданатон лозим аст. Дар ин рӯз қарз гирифтану қарз додан хуб нест. Муносибати ошиқонае, ки дар ин рӯз пайдо мешавад, бароятон дилхунукӣ меорад. Аз ҷароҳат бардоштану гум кардани чизи қимматбаҳоятон эҳтиёт шавед. 

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Яку якбора шахсеро, ки дӯст медоштед, аз қалби худ берун месозед. Ба саросемагӣ роҳ надиҳед, ҳама чизро нағзакак андеша намоед. Нафаре, ки дар зиндагии шумо пайдо шудааст, бароятон хеле муҳим аст. Дар ин рӯз мушкилиҳоеро рафъ месозед, ки қаблан ба назар ҳалнашаванда менамуданд.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ҷое, ки фаъол будану ташаббус нишон доданатон лозим нест, хомӯшона амал намоед. Бештар ба амри дил гӯш диҳед, хусусан, ҳангоми шиносоиҳои ошиқона. Мизонҳои оиладор ҳам қаҳрӣ мешаванду ҳам оштӣ. Маблағи худро захира кунед, рӯзҳои наздик ба пул ниёзатон бештар мегардад.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Рӯзи вазнин аст. Эҳтимоли бемор шуданатон вуҷуд дорад. Аз сафарҳои корӣ худдорӣ намоед, хатари рух додани садама ё аз даст додани маблағи калон вуҷуд дорад. Мушкилиро дар ҷое, ки вуҷуд надорад, ҷӯё нашавед. Ақрабҳои муҷарраде, ки дар ҷустуҷӯи бахти худ ҳастанд, бояд хеле бодиққат бошанд.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Меҳнати тӯлонӣ барор оварда, маблағи хуби пулӣ ба даст меоред. Пешниҳодҳои кориро аз даст надиҳед. Бо сабаби сар задани мушкилиҳои хурди муваққатӣ ҷойи коратонро иваз накунед. Рӯзҳои наздик ҳамааш хуб мешавад. Некандешӣ ва истодагарии шумо ҳатто душманонро дар ҳайрат мегузорад.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Рӯзи номусоид аст, фиреб хӯрдану ба туҳмат гирифтор шуданатон имкон дорад. Бо сабаби сабукандешӣ пули зиёдро аз даст медиҳед ё дар касбу коратон нобарорӣ дида мешавад. Ҷаддиҳои муҷарраде, ки имрӯз пешниҳоди издивоҷ мекунанд, дигар аз фикрашон гашта наметавонанд.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз эҳтимоли аз даст додани маблағи пулӣ ва дар касбу коратон нобарорӣ имкон дорад. Заҳмати зиёд ва эҳтиёткорӣ дар гуфтор шуморо аз нохушиҳо эмин медорад. Баъди нисфирӯзӣ ба фиребу иғво дода нашавед. Инчунин, аз обҳои лойолуд ва утоқҳои торик дурӣ ҷӯед. Хобҳоятон амалӣ мешаванд.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Рӯзи номусоид аст. Нохуб шудани вазъи саломатиятон имкон дорад. Хусусан, мардҳо аз дарди сар ва дарди зонувон азият кашида, бемориҳои куҳна хурӯҷ мекунанд. Ҳангоми харид кардан бодиққат бошед, маблағи калон сарф карданатон имкон дорад. Муносибатро бо наздикон ба низом дароред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД