arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 22-ЮМИ ОКТЯБРИ СОЛИ 2020
2376

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз на танҳо аз ӯҳдаи тамоми корҳои душвору мушкилиҳо мебароед, балки хоҳиши кор карданатон зиёд мегардад. Меҳнатҳои кардаатон самараи нек медиҳанд. Дар ин рӯз истироҳатро низ фаромӯш накунед, вагарна саломатиро ба куллӣ аз даст медиҳед. Дӯстдоштаи худро эрка накунед.

Савр (21 апрел-20 май)

Имрӯз бояд хеле боинтизом бошед, то ки ба хатогиҳо роҳ надиҳед. Маблағҳои худро дар ҳолати саросемагӣ сарф накунед. Мушкилиҳое, ки имрӯз ба саратон меоянд, дар оянда душвориҳои зиёдеро ба саратон меоранд. Ҳар хабаре, ки мешунавед, то кадом андоза ҳақиқат доштанашро муайян намоед.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Қаҳру ғазаби худро дар назди дӯстон нишон надиҳед, вагарна нафаре аз шумо сахт меранҷад. Хабар ё ҳодисаи ногаҳоние ба зиндагиятон тағйиротҳои куллиро ворид месозад. Ба дарду ғами шахси дӯстдошта ё ҳамсари худ шарик шавед. Нисбати саломатӣ бепарвогӣ зоҳир накунед.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз ҳамагӣ чанд сония кифоя аст, ки шумо сари калобаи худро гум карда, ба моҷаро гирифтор шавед. Барои ба худ омаданатон вақти зиёд лозим мегардад. Муносибататон бо наздикон бо сабаби хафагиву нобоварӣ вайрон мегардад. Аз корҳои вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намоед.

Асад (23 июл-22 август)

Имкони беҳтар сохтани вазъи зиндагӣ пайдо мешавад. Сари вақт ба қароре омада тавонистанатон боиси пешравӣ мегардад. Вақти бештари худро дар ҳавои тоза ва доираи нафарони ба дилатон писанд гузаронед. Дар хона боэҳтиёт бошед, бо сабаби фориғболии шумо бисёр чизҳо имрӯз мешикананду вайрон мешаванд.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Барои шумо рӯзи ғайриодӣ фаро мерасад. Ҳатто бо нафаре, ки бори аввал шинос мешавед, забон ёфтанатон осон мешавад. Наздикон дар бисёр корҳоятон дастгирӣ мекунанд. Саломатиро эҳтиёт кунед, ҷароҳати хурд бардоштанатон имконпазир аст. Ба сару либос ва симои худ диққати хоса диҳед, вагарна аз нони даҳонатон мемонед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Рӯзи бобарорест барои нафароне, ки таваккал накарда, бо маслиҳату роҳнамоии наздиконашон амал мекунанд. Табъатон хира гашта, қаҳру ғазаб боиси ранҷиши атрофиён ва шахси дӯстдоштаатон мегардад. Дар муносибатҳои ошиқонаатон навигариҳои гуворо имконпазир аст. Ба саломатиатон диққат диҳед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз дар бораи нақшаву ниятҳо ва нақшаҳои дарозмуддат фикр накунеду ӯҳдадориҳоеро, ки ба назар дилфиреб менамоянд, ба душ нагиред. Хатари ба дом афтидану аз он раҳо наёфтанатон зиёд аст. Кӯшиш намоед, ки дар вақташ хӯрок хӯрда, сари вақт хоб кунед, вагарна нотоб шуданатон эҳтимол дорад.   

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз ҳамроҳи наздиконатон ба истироҳат равед. Ҳар қадар бо онҳо наздик бошед, ҳамон қадар нофаҳмиҳо кам мешаванд. Аз нишон додани самимият ва ошкорбаёнии худ натарсед. Даромади пулиеро, ки дербоз интизор будед, имрӯз ба даст оварда наметавонед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Агар аз ҳамкорон ё роҳбарият шикояте доред, пас имрӯз дар ин бора ба касе лаб во накунед. Оилаи худро зиёд мунтазир накарда, шом аз кор барвақт ба хона баргардед ва бештар вақти худро бо онҳо сипарӣ кунед. Нисбати нафароне, ки барояшон азизед, бепарво нашавед.

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз ҳама корҳои ба нақша гирифтаатонро иҷро карда наметавонед. Барои ин рӯҳафтода шудан шарт нест. Танҳо кӯшиш кунед, ки корҳои муҳимтарро анҷом дода, боқимондаро ба таъхир гузоред. Аз танқид худдорӣ карда, бар сари касе санги маломат назанед ва худро қурбони айбдоркунии беасос накунед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Ба худ эътимод дошта бошед, зеро ин сабаб мешавад, ки ба пеш ҳаракат намоед. Дар бораатон чӣ мегӯянд, бояд барои шумо бефарқ бошад. Инҷиқӣ карда, дар бораи ҳар гап фикр накунед. Ба кор дода шуда, истироҳатро фаромӯш насозед ва аз хурӯҷи баъзе бемориҳо эҳтиёт кунед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД