arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 22-ЮМИ МАРТИ СОЛИ 2021
2966

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз ба туҳмат ва бадхоҳии нафаре гирифтор мешавед. Нафаронеро, ки бо шумо дӯст нестанд, ба худ наздик накунед. Нисбати саломатиатон бепарвоӣ накунед. Барои хурӯҷ накардани бемориҳои куҳна пешакӣ чора андешед. Барои беҳтар сохтани муносибатҳои ошиқона аз бадгумонӣ худдорӣ кунед.  

Савр (21 апрел-20 май)

Нимаи аввали рӯз барои тахт намудани ҳуҷҷатҳо ва муроҷиат ба роҳбарият мусоид аст. Барои рафъи нофаҳмие, ки бо ҳамкорону наздиконатон рух медиҳад, вақту қувва ва маблағи худро сарф карданатон лозим меояд. Вазъи саломатиятон аз тағйир ёфтани вазъи ҳаво вобастагӣ дорад.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Рӯзи бебарор аст. Ба роҳи фиребу найранг наравед. Ҳодисаҳои рӯз ё душмании рақибон маҷбуратон месозанд, ки пайваста нуқтаи назари худро пайгирӣ намоед. Мушкилиҳое, ки дар ҷои коратон сар мезананд, бо душворӣ рафъ мегарданд. Рӯҳафтода нашаведу бо роҳбарият муноқиша накунед.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Рӯзҳои наздик дӯстдоштаатон ба шумо ташвиши зиёде меорад. Кирдори ӯро ба дил наздик қабул накунед. Бо шиносҳоятон хушгуфтор бошед ва нисбати дӯстон сабру таҳаммулро пеша намоед. Хобҳои дидаатон амалӣ мешаванд. Дар хоб дидани асбобҳои мусиқӣ аз хабари хуш дарак медиҳад.  

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз ба танбалӣ роҳ надиҳед. Барои раҳоӣ ёфтан аз муноқишаву низоъ нисбати дӯстдоштаатон меҳрубон бошед. Барои аз даст надодани маблағ имкониятҳои молиявии худро нағзакак ба нақша гиред. Қарз гирифтанро маслиҳат намедиҳем. Эҳтимоли каме нотоб шуданатон вуҷуд дорад.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Рӯзи хубест барои корҳои ҷисмонӣ, вале беҳтараш машқро дар хона анҷом диҳед. Бо наздикон ва дӯстдоштаи худ муноқиша накунед. Саломатиятон аз тарзи хӯрокхӯриятон вобастагӣ дорад. Аз истеъмол ва нӯшидани хӯроку нӯшокиҳои сард ва сахтгазноккардашуда худдорӣ намоед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Рӯзи пур аз воқеаҳост. Агар имкони истироҳат карданро дошта бошед, ҳатман аз он истифода баред. Ба ҳамсуҳбати худ фишор наоред. Ҳангоми бартараф намудани мушкилиҳои кориву оилавӣ хастагиву асабониятро ҳис мекунед. Ман-маниву худнишондиҳӣ дар ин рӯз бар зарари шумо аст.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Рӯзи хубест барои робита бо дӯстон ва наздикон. Бонувон метавонанд ҳунари кадбонугии худро нишон диҳанд. Мардҳо бояд вақти бештари худро дар ҳавои тоза гузаронанд. Нисбати фарзандони худ бепарвоӣ зоҳир накунед. Ба хабаргирии нафароне, ки гирифтори бемориҳои сироятӣ ҳастанд, наравед.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Рӯзи хеле бобарор аст. Табъатон болидаву ҳатто муноқишаҳои ночиз наметавонанд боиси нороҳатиятон гарданд. Заҳмати зиёд кашида, меҳнататон қадрдонӣ мегардад. Баъди нисфирӯзӣ каме нотоб гаштанатон имконпазир аст. Нисбати дӯстдоштаи худ бепарвоӣ накунед, вагарна муносибатҳоятон вайрон мешаванд.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Рӯзи душвор аст. Ташвишу ӯҳдадориҳоятон бештар мегарданд. Хабари нохуш ё гапи дурӯғ боиси ба ғалат роҳ додану нофаҳмиҳо дар касбу кор мегардад. Эҳтимоли аз даст додани маблағи калон вуҷуд дорад. Ба сарфи беҳудаи маблағ роҳ надиҳед. Агар шумо муҷаррад бошед, эҳтимоли ошиқ шуданатон зиёд аст.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Рӯзи душвор аст. Тақдир ба шумо санҷишу имтиҳонҳоеро пеш меорад, ки чӣ гуна рафъ кардани онҳо аз худатон вобастагӣ дорад. Нисбати дӯстдоштаатон ба дағаливу муноқиша роҳ надиҳед. Саломатии далвҳое, ки зуд-зуд асабӣ мешаванд, баъди нисфирӯзӣ нохуб мегардад. Барои саломатӣ пулро дареғ надоред.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Рӯзи бебарор аст. Вазъият тавре сурат мегирад, ки маблағатонро аз даст медиҳед. Хабаре, ки дар ин рӯз мешунавед, шуморо маҷбур месозад, аз дӯстонатон кӯмак пурсед. Эҳтимоли бемор шуданатон хеле зиёд аст, аз ин рӯ, хеле эҳтиёткор бошед. Ба роҳи макру фиреб қадам нагузоред. Бо дӯстдоштаатон меҳрубон бошед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД