sebiston july new
ТОЛЕЪНОМАИ 22-ЮМИ ФЕВРАЛИ СОЛИ 2021
3294

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Барои шиносоӣ ва сайру саёҳат рӯзи хуб аст. Қобилияти пешгӯӣ кардани ҳодисаҳо ва дарк намудани дарди ҳамсафари ҳаётӣ ё шахси дӯстдоштаатонро пайдо месозед. Хобҳои дидаатон рӯзҳои наздик амалӣ мешаванд. Даромади пулӣ дар назар нест. Вазъи саломатиатон аз худатон вобастагӣ дорад.

Савр (21 апрел-20 май)

Хотирпарешонӣ ва диққати худро ба як кор ҷалб накарданатон дар касбу кор мушкилиҳоро пайдо месозад. Бо тамоми ҳастӣ аз сифатҳои бад ва таъсири бегонагон дурӣ ҷӯед. Рӯзи хубест барои робита бо роҳбарият ва харидорӣ намудани чизҳои қимматбаҳо. Бегоҳирӯзӣ хастагӣ боиси хоболуд шуданатон мегардад.  

 

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз имкониятҳои хуберо дар касбу кор ва дар ҷодаи муҳаббат ба даст меоред. Одати дурудароз сари қароре омадан боиси он мегардад, ки имкониятҳои мусоидро аз даст медиҳед. Барои мулоқоти ошиқона рӯзи мусоид нест. Нафаре, ки дар ин рӯз аз шумо кӯмаки пулӣ мепурсад, ба қадри некиятон намерасад.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз баҳсу мунозираҳои гуногун дар мадди аввал қарор мегиранд. Аз робита бо атрофиён худдорӣ намоед ё ботаҳаммул бошед. Табъи нозук ва зудранҷӣ садди роҳи ба мақсад расиданатон мегардад. Ба кӯмаки дӯстон умед баста метавонед. Асабхаробӣ ба саломатиятон беасар намемонад.  

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз нерӯятон кам ва вазъи молиявӣ паст мегардад. Эҳтимоли бепул монданатон вуҷуд дорад, аз ин хотир, барои лаҳзаҳои ногаҳонӣ маблағ захира намоед. Бо нафарони калонсоли оилаатон муноқиша имкон дорад. Нақшаи аз вазъияти душвор баромаданро кашед. Шомгоҳон асабатон хароб мегардад.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Рӯзи хубест барои робита бо наздикон ва нафароне, ки аз қобилиятҳои шумо ба ваҷд меоянд. Эҳтимоли дар ин рӯз сахт ошиқ шуданатон вуҷуд дорад. Нимаи дуюми рӯзро бо шахси дӯстдоштаатон гузаронед. Барои рафъи нофаҳмиҳо ғурури худро як тараф гузошта, сабру таҳаммулро пеша намоед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Хеле рӯзи душвор аст, ба ҳама гуна ҳодисаҳои ногувор омода бошед. Эҳтимоли гум кардани пул, муноқиша бо наздикон ва ҷароҳат бардоштан дар назар аст. Ба роҳ баромаданро маслиҳат намедиҳем. Аз баҳсҳои пулӣ дурӣ ҷӯед. Нерӯи худро барои ба даст овардани дили дӯстдоштаатон сарф кунед.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Ба ҳар коре, ки дар ин рӯз даст мезанед, натиҷаи хуб медиҳад. Атрофиён ба ҳунару маҳорататон баҳои баланд медиҳанд. Муносибатҳои ошиқона бароятон шодиву нишот меорад. Хатари хурӯҷ намудани бемориҳои куҳна имкон дорад. Дар ин рӯз бо пули калон ба мағозаву бозор рафтанро маслиҳат намедиҳем.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Аз яку якбора амал кардан ва хулосабарории саросемагӣ худдорӣ намоед. Дар бораи нақшаҳои худ ба касе нақл накунед, вагарна диққати душманонро ҷалб месозед. Имкони ба анҷом расонидани баъзе корҳоятонро пайдо карда, натиҷаи хуби заҳматҳоятонро мебинед. Истироҳатро фаромӯш насозед.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Рӯзи номусоидест барои робита бо наздикон. Эҳтимоли дағалӣ, бедиққатӣ ва нофаҳмӣ вуҷуд дорад. Ҷанҷоли хурд то муноқишаи калон мерасад. Ба эҳсосот дода нашавед, сабру таҳаммулро пеша намоед. Аз дидори дӯстдоштаатон шоду табъатон болида мегардад. Барои оғози табобати бемориҳо рӯзи хуб аст.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Диққати бештари худро ба тартибу интизом равона созед, он гоҳ корҳоятон барор мегиранд. Дар сарф намудани маблағ ба саросемагӣ роҳ надиҳед. Мушкилиҳое, ки дар ин рӯз сар мезананд, аз мушкилиҳои ҷиддие дарак медиҳанд, ки шумо бояд рафъ намоед. Аз мулоқотҳои ошиқона муваққатан худдорӣ намоед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Рӯзи хубест барои рафъи мушкилиҳои ҷамъшуда. Ҳодисаҳои ин рӯз табъи дили шумо намешаванд, вале бетоқатиятон боиси он мегардад, ки дар рафъи мушкилиҳо душворӣ кашед. Ҳангоми робита бо атрофиён боэҳтиёт бошед. Ҷангу нофаҳмӣ, эродҳои тарафайн, хӯрдагирӣ боиси хафагиву ранҷиши наздикон мегардад.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД